Запуск тематического поезда в честь выборов президента России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Интихоботи ҳаштуми президентии Русия, аз 15 то 17 марти соли 2024 дар назар буда, савгандёдкунии роҳбари тозаинтихоб моҳи май сурат мегирад. Президенти тозаинтихоб 6 соли оянда то майи 2030 сари қудрат хоҳад буд.

Навбати 100 метра: Интихоботи президентии Русия дар Душанбе ҷараён дорад

© SputnikНавбат дар Душанбе барои иштирок дар интихоботи президентии Русия
Навбат дар Душанбе барои иштирок дар интихоботи президентии Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2024
Обуна шудан
Раъйгирӣ дар интихоботи президенти Русия дар Тоҷикистон бо мизони болои мушорикати раъйдиҳандагон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Интихоботи президентии Русия дар Тоҷикистон бо иштироки хеле зиёди раъйдиҳандагон фаъолона ҷараён дорад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” аз ҳавзаи интихоботии рақами 8278, воқеъ дар шӯъбаи консулии Сафорати Русия дар Душанбе.
“Дар Душанбе ва Хуҷанд, дар соати 10:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 08:00 ба вақти Маскав) раъйдиҳандагон дар ду ҳавзаи интихоботии Душанбе ва Хуҷанд ҳудуди 2000 нафар ширкат карданд”, - гуфт Семён Григорьев, сафири Русия дар Тоҷикистон, ки раиси ин участкаи интихоботӣ аст.
Вай ба шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд, барои иштироки фаъолона дар интихобот даъват изҳори сипос намуд.
"Дар вазъияти кунунии байналмилалӣ ин интихоботро метавон тақдирсоз номид", - гуфт сафир.
Дар участкаи интихоботии раками 8278-и шахри Душанбе сафирайъдиҳандагон кам нашудааст, навбат ба масофаи бештар аз 100 метр тул кашидааст.
Выборы президента России в регионах. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Дар Тоҷикистон қитъаҳои раъйдиҳӣ барои интихоботи президентии Русия боз шуданд
“Овоздиҳӣ оромона, дар фазои корӣ сурат мегирад, ки 27 корманди консулгарӣ ва сафорат дар қитъаи интихоботӣ кор мекунанд”, - таъкид намудааст сафир.
Ҳамчунин ҳеҷ ҳодиса ба қайд гирифта нашудааст.
Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъйин кардааст. Овоздиҳӣ давоми се рӯз: 15, 16 ва 17 март сурат мегирад.
Комиссияи марказии интихоботи Русия барои иштирок дар интихоботи президентииРусия чаҳор номзадро сабтином кардааст: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош доранд.
Лентаи хабарҳо
0