Запуск тематического поезда в честь выборов президента России - Sputnik Тоҷикистон
26 матлабҳо

Интихоботи президенти Русия

Интихоботи ҳаштуми президентии Русия, аз 15 то 17 марти соли 2024 дар назар буда, савгандёдкунии роҳбари тозаинтихоб моҳи май сурат мегирад. Президенти тозаинтихоб 6 соли оянда то майи 2030 сари қудрат хоҳад буд.
Овоздиҳии пеш аз мӯҳлат дар манотиқи душворгузар ва дурдаст рӯзи 25 феврал оғоз шуд. Интихобкунандагон дар 29 музофоти Русия на танҳо дар қитъаҳои интихоботӣ, балки тавассути онлайн низ метавонанд раъй диҳанд. Овоздиҳии асосӣ 17 март анҷом меёбад.
Овоздиҳии фосилавии электронӣ, бидуни рафтан ба қитъаи интихоботӣ бо истифода аз компютер, планшет ё смартфон сурат мегирад. Ин навъи раъйдиҳӣ дар пойгоҳи махсуси интернетии Комиссияи марказии интихоботи Русия гузаронида мешавад. Барои сабтшудаҳо дар Маскав тариқи mos.ru низ имконпазир аст.
Овоздиҳӣ дар хориҷ аз 1 марти соли 2024 оғоз гардида, қитъаҳои овоздиҳӣ дар ҳамаи кишварҳое, ки Русия ҳузури дипломатӣ ва консулгариро дорад, кушода шудаанд.
Дар ҷараёни интихоботи президентии Русия дар хориҷи кишвар 295 нуқтаи раъйдиҳӣ, аз ҷумла 6 нуқтаи овоздиҳӣ дар Тоҷикистон боз мешавад.
20 матлаби дигар
Лентаи хабарҳо
0