Запуск тематического поезда в честь выборов президента России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2024
Интихоботи президенти Русия
Интихоботи ҳаштуми президентии Русия, аз 15 то 17 марти соли 2024 дар назар буда, савгандёдкунии роҳбари тозаинтихоб моҳи май сурат мегирад. Президенти тозаинтихоб 6 соли оянда то майи 2030 сари қудрат хоҳад буд.

Раъйдиҳандагон дар Тоҷикистон Путинро интихоб карданд: Омори расмӣ

Обуна шудан
Аксари раъйдиҳандагон, ки рӯзи 17 март пушти сандуқҳои раъй ба шаш цитъаи интихоботӣ дар Тоҷикистон омаданд, ба раисҷумҳури феълии Русия овоз доданд
Шумориши ороҳо дар интихоботи президентии Русия дар Тоҷикистон идома дорад
Номзад ба мақоми президентӣ ва сарвари феълии давлат Владимир Путин аз рӯи натоиҷи муқаддамотии интихоботӣ дар ин ҷумҳурӣ баргузоршуда, бо нишондоди зиёд пешсаф аст.
Дар ин бора маълумотҳои Комиссияи марказии интихоботии Федератсияи Русия шаҳодат медиҳанд.
Бар асоси натоиҷи муқаддамотӣ, Путин 93,89% ороро ба даст овардааст.
Дар ҳамин ҳол дигар номзадҳо ба курсии президент Владислав Даванков 1,38%, Николай Харитонов 0,69% ва Леонид Слутский 0,37% раъй ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои Федератсия интихоботи президентиро 17 марти соли 2024 таъин кард.
Овоздиҳӣ дар Русия тӯли 3 рӯз - 15, 16 ва 17 март баргузор шуд. Дар маҷмӯъ, дар кишвар беш аз 94 ҳазор нуқтаи овоздиҳӣ фаъолият мекард.
Барои курсии раисиҷумҳури Русия чаҳор номзади сабтиномшудаи Комиссияи марказии интихоботи Русия: Леонид Слутский, Николай Харитонов, Владислав Даванков ва Владимир Путин талош карданд.
17 март дар Тоҷикистон участкаҳои интихоботӣ аз соати 08:00 кушода шуданд. Дар нимаи аввали рӯз иштироки интихобкунандагон дар интихобот қариб ба 6 ҳазор нафар расид.
Лентаи хабарҳо
0