10:53 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Иҷозатномаи зисти муваққатӣ. Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷир ё ҳамватан: киро вилояти Тамбов барои зиндагии доимӣ даъват мекунад

© Sputnik / Алексей Куденко
Таҳлил
Гирифтани линки кӯтоҳ
22711

Ҳукумати маҳаллии вилояти Тамбов дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон шарҳ дод: кӣ метавонад ба вилояти Тамбов кӯч бандад ва чӣ тавр метавон соҳиби шаҳрвандии Русия шуд

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Хабар дар бораи он, ки вилояти Тамбов ҳамватанонро аз Тоҷикистон барои зиндагии доимӣ даъват мекунад, дар саҳифаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасии фаъоли муштариёни интернет гардид.

Sputnik Тоҷикистон дар саҳифаи Facebook нисбати ин хабар нашриёти зиёди корбарони ин шабакаро ба даст овард.

"Гурги Тамбовӣ-дӯсти беҳтарин!!!"-менависад муштарии шабакаи иҷтимоӣ Анвар.

"Ман фикр мекунам, Хадамоти муҳоҷират аз мутахассисони соҳаи тиб ва муҳандисону донандагони хуби забони русӣ танҳо шод мешаванд",-бовар дорад Фамидҷон.

"Ман мекӯчидам",-мегӯяд Аҳмад.

"Аз афташ муҳоҷирати ҷаҳонӣ сар шудааст. Сокинони шаҳрҳои Хуҷанд ва Кӯлоб ба Душанбе меоянд. Душанбегиҳо ба ноҳияҳои Русия, сокинони вилоятҳои Русия ба Маскав, сокинони Маскав ва Петербург ба Аврупо, аврупоиён ба ИМА ва Канада  хоҳиши кӯч бастан доранд.  Дар ҳар сурат шаҳрвандони моро танҳо ба ноҳияҳо ва қишлоқҷойҳо роҳ медиҳанд. То даме, ки соҳаи кишоварзӣ рушд накунад эътидол намешавад. Чи ки на гӯем, Русия-кишвари бой аст",-менависад Сомидҷон.

Вале барои муштариёни шабакаи интернетӣ як чиз нофаҳмо мемонад, кӣ дар ҳақиқат метавонад ба Тамбов кӯч бандад-ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ки донандаи забони русӣ аст ё танҳо русони муқими Тоҷикистон.

Sputnik Тоҷикистон барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала бо намояндагони ҳукумати вилояти Тамбов сӯҳбат кард.

Чуноне намояндагони ҳукумати маҳаллӣ мегӯянд, сухан дар бораи муҳоҷирон намеравад.

"Муҳоҷирони корӣ бо шиносномаи кишвари худ ба Русия меоянд, ҳамватанони бурунмарзӣ бошад, шаҳодатномаи махсус. Фарқияти асосиаш дар ҳамин аст. Муҳоҷири корӣ ба Русия омада, кор мекунаду боз бармеградад. Ҳамватани бурунмарзӣ бошад-шахсест, ки Русияро барои зиндагии доимӣ интихоб мекунад. Ва барои гирифтани шаҳодатнома меъёрҳои муайяншуда вуҷуд дорад",-хабар доданд дар шӯъбаи вилоятии хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ.

Мақомоти маҳалии вилояти Тамбов ҳамчунин қайд кард, ки ҳуҷҷатҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон дар мақомоти маҳаллӣ омода менамоянд, вале қарор барои иштирок дар барнома аз ҷониби ВКД-и Русия қабул карда мешавад.

"Аввал ҳамааш соддатар буд.  Иштирокчиёни барномаи кӯчидан кам буданд. Имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки бӯҳрон натанҳо дар Русия аст, балки дигар кишварҳоро низ фаро гирифтааст ва мардум рӯ ба сӯи Русия кардаанд. Масалан Тоҷикистон-кишваре, ки аҳолиаш зиёду ҷои кор кам. Дар ин кишвар ҷавонон хеле зиёданд ва барои ҳамин ҳам бештар ба барномаи кӯчбастан аҳамият медиҳанд. Онҳо мехоҳанд худро дар дигар кишвар ёбанд",-шарҳ дод мусоҳиб.

Қаблан аз Қирғизистон ва Арманистон хостори кӯчидан хеле зиёд буданд, вале баъди дохил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шаҳрвандони ин давлатҳо бидуни мамоният дар Русия машғули кор мешаванд ва дар баробари ин аз ватани худ зиндагӣ мекунанд.

Ҳамчунин манбаъ илова кард гарчанде, ки шумораи аҳолии вилояти Тамбов танҳо 1 миллион нафар бошад ҳам, бо истифодаи оқилонаи соҳаи иттилоотӣ ин вилоят дар мадди назари иштирокчиёни барномаи кӯчбандӣ  қарор гирифтааст.

Дар баробари ин мақомоти маҳаллӣ мегӯяд, ки аз сабаби ноайён будани баъзе қоидаҳои барнома, аксари аҳолӣ ҳангоми иштирок дар он дарк карда наметавонанд, ки оё ба барномаи кӯч бастан дохил мешаванд ё не. Омили инсонӣ низ вуҷуд дорад.

Бино ба манбаъ, нафароне, ки волидайнашон дар даврони ИҶШС зиндагӣ кардаанд ба фарҳанг ва ба худи Русия дар ҷиёс бо муҳоҷирони Осиёи шарқӣ назари дигар доранд.

"Агар онҳо (тоҷикистониён-шарҳ аз идора) ба Русия омада соҳиби шаҳрвандии ин кишвар гарданд, ҳеҷ гоҳ зимни баргаштан ба ватан дар бораи Русия фикри бад намекунанд",-изҳор дошт намояндаи мақомоти маҳаллӣ.

Кӯмаки молӣ

Бо хоҳишмандони кӯчидан ба Русия  қабл аз ба кор қабул кардан мушовараи санҷишӣ гузаронида намешавад, зеро далели бо аҳли оила  кӯч бастан худ нишонаи танҳо пулкоркунӣ нест.

 Вилояти Тамбов барои ҳар як иштирокчии барнома ба қадрои 20 ҳазор рубли русӣ медиҳад. 10-ҳазорӣ барои ҳар як аъзои оила. Ва ҳамчунин 7-ҳазорӣ барои ҳар як сокини нави Тамбоа.

Кӣ метавонад дар барнома иштирок кунад

Дар барнома нафароне, ки таърихан дар қаламрави Русия ба сар мебаранд, ашхосе, ки хешовандонашон дар қаламрави ФР зиндагӣ кардаанд, одамоне, ки дар ҳудуди кишварҳои собиқ ИҶШС зиндагӣ кардаанд; нафароне, ки зодагони СССР, РСФСР, Ҷумҳурии Русия ва давлати Русия буда, дорои шаҳрвандии ин давлатҳо ҳастанд, метавонанд иштирок кунанд.

Дар баробари ин дар барномаи кӯчидан ба Русия шаҳрвандони хориҷие, ки муваққатан дар ҳудуди Русия ба сар мебаранд,  онҳое, ки дорои иҷозатномаи муваққатӣ ё доимии зист ҳастанд ё дар Русия соҳиби паноҳгоҳи муваққатӣ мебошанд, метавонанд иштирок кунанд.

Ин барнома ба гурӯҳҳои дар боло зикргардида, имкон медиҳад, то дар муддати кӯтоҳтарин соҳиби шаҳрвандии Русия гарданд.

Шартҳои гирифтани шаҳодатнома

Аввал бояд ба консулгарии намояндагии ВКД-и Русия оид ба муҳоҷират дар Тоҷикистон муроҷиат намоед. Чунин меъёр аз соли 2007 инҷониб ба роҳ монда шудааст. Маълумоти бештарро метавонед дар сайти Сарраёсати ВКД-и Русия оид ба масъалаҳои муҳоҷират пайдо кунед.

Баъди ин хоҳишмандон бояд ариза навишта, дар бораи худ маълумоти пурра пешниҳод намоянд. Баъд, ариза ба шӯъбаи маҳалии ВКД-и Русия дар Тоҷикистон барои тасдиқи минбаъда пешниҳод карда мешавад.

Мувофиқи барномаи тасдиқшуда амалиёти дар боло зикргардида,  на бештар аз 60 шабонарӯз давом мекунад. Мӯҳлати амали шаҳодатнома-3 сол мебошад.

Кор

Мувофиқи талаботи барнома на камтар аз 75%-и иштирокчиён бояд соҳиби маълумоти олӣ бошанд. Дар рафти навиштани ариза шахс дар кадом соҳа фаъолият карданро низ зикр мекунад.

"Нафаре, ки хоҳиши кӯч бастанро дорад, албатта метавонад соҳиби ҷои кор шавад",-мегӯянд намояндагони ҳукумати вилояти Тамбов.

Дар баробари ин ишитрокчиёни барнома бояд барои бозомӯзӣ омода бошанд. "Дар ояндаи наздик дар ҳудуди вилоят яке аз фабрикаи калонтарини  паррандапарварӣ кушода мешавад. Барои кор дар ин фабрика зиёда аз 2 ҳазор одам лоизм мешавад. Ва натанҳо коргарони оддӣ, балки муҳандисон ва техникҳо низ.

Дар оянда мушкилоти асосӣ норасоиии мутахассисон хоҳад буд. Барои ҳамин танҳо ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ будан набояд аз иштирокчиён даст кашид. Ва ҷалби бозори меҳнат ба воситаи барномаи кӯчонидани аҳолӣ-фикри олиҷаноб аст",-шарҳ дод мусоҳиб.

Ҳаҷми маош дар вилояти Тамбов наонқадар баланд аст. Масалан ҳамшираи шавқат бо доштани шаҳодатномаи тасдиқкунанда метавонад танҳо 15 ҳазор  рубли русӣ маош дошта бошад. Бо вуҷуди ин нарху навои маҳсулоти хӯрокворӣ низ наонқадар қиммат аст: 1 кг картошка-10 рубл, карам-9, маҳсулоти аз гушт омодашуда-220 рубл. Вале ба ин нигоҳ накарда, набояд ба кишвари бегона бидуни пасандоз сафар кард.

Мавзуъ

Зиёда аз 2 миллион муҳоҷир имтиҳони забони русӣ супориданд
Дар Маскав зиёда аз 200 муҳоҷир боздошт гардид
Коршинос: бимаи тиббӣ бо нархи 10 ҳазор рубл барои муҳоҷир ҷабр аст
Шарипов хост, риояи ҳуқуқи занони муҳоҷир дар Русия таҳқиқ шавад
Барчаспҳо:
ҳамватанони бурунмарзӣ, барномаи дастгирии кӯчидани ихтиёрӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, Мақомоти маҳаллии вилояти Тамбов, Тамбов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ