00:14 18 августи 2017
Пахши мустақим
Абдумамад Бекмамадов бо коргардон Анна Моисеенко

Бекмамадов соҳиби ҷоизаи ҷашнвораи бонуфузи Русия шуд

© Sputnik / Фарида Бободжонова
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
55940

Филми мустанади "Суруди Абдул" дар ҷашнвораи "Равзана ба Урупо" дар шаҳри Виборги Русия намоиш дода шуд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik.  Ҳунарманди тоҷик Абдумамад Бекмамадов барои офаридани нақши худ дар филми мустанади "Суруди Абдул" барандаи ҷоизаи ҷашнвораи "Равзана ба Урупо" шуд.

Ин хабари хушро коргардони филми "Суруди Абдул" Анна Моисеенко дар сафҳаи фейсбукии худ мунташир кардааст.

"Мо шодӣ дорем! Аз Виборг хабар доданд, ки ҳунарманди хуб — қаҳрамони филми мо Абдумамад Бекмамадов барои иҷрои нақши худ дар филми "Суруди Абдул" ҷоизаи доваронро дарёфт кард", — навиштааст коргардон дар сафҳаи худ дар Фейсбук.

Ёдоварӣ мекунем, ки филми "Суруди Абдул" аз зиндагии муҳоҷири тоҷик дар Русия қисса мекунад. Ин филм дар ҷашнвораи Виборг дар бахши "Копродукция" ширкат кард. Дар ин бахши ҷашнвора филми коргардони бразилиягӣ Чарли Браун — "Красный русский" мақоми аввалро соҳиб шуд. Ҷоизаи вижаро коргардони гурҷӣ Русудан Глурҷидзе гирифт.

Дар баробари ин доварон нақши Бекмамадовро дар филми "Суруди Абдул" бисёр хуб арзёбӣ карда, ӯро бо дипломи ҷашнвора сарфароз карданд.

Ин нахустин ҷоизаи Бекмамадов дар риштаи ҳунарҳои намоишии Русия нест. Ӯ чанд сол пеш барандаи ҷоизаи "Ниқоби заррин" ҳам шуда буд.

Понздаҳумин ҷашнвораи саросарии "Равзана ба Урупо" 12 август ба поён расид.

Мавзуъ

Филми "Суруди Абдул" дар ҷашнвораи Виборг намоиш дода мешавад
"Суруди Абдул" - аз ҳаёти муҳоҷире, ки қалби тоҷику русро ба ларза овард
Барчаспҳо:
ҷоиза, Абдумамад Бекмамадов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ