09:14 23 октябри 2017
Пахши мустақим
Сел дар Тоҷикистон

Сел дар ВМКБ даҳ манзилро хароб карда роҳи Душанбе-Кулмаро баст

© Фото: Штаб МЧС в Согдической области
Рӯйдодҳо
Гирифтани линки кӯтоҳ
Сел дар Дарвоз (12)
470 0 0

Сел ҷараёни дарёи Панҷро баста, роҳи Душанбе-Кӯлоб-Кулмаро вайрон кард

ДУШАНБЕ, 9 июл — Sputnik. Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сел даҳ манзили зистро хароб карда, роҳи Душанбе-Кулоб-Кулмаро баст.

Дар ин бора навбатдори Созмони наҷотдиҳии Тоҷикистон хабар дод.

"Дар паи гармшавии ҳаво (то 45 дараҷа) пиряхҳо об шуда, селеро ба миён оварданд, ки дар натиҷаи он даҳ манзил дар деҳаи Нулванди ноҳияи Дарвози ВМКБ зери об монд",-гуфт мусоҳиб.

Ба қавли мусоҳиб, дар паи ин ҳодисаи табиӣ ҷараёни дарёи Панқ баста шуда, роҳи Душанбе-Кулма вайрон шудааст.

Хушбахтона ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст, вале сел ба деҳаи ҳамсоя — Хостав низ таҳдид мекунад.

Дар давоми як ҳафта дар Тоҷикистон даҳҳо манзили зист аз омадани сел хароб гаштанд. Сел дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштич 25 манзилро хароб карда бошад, дар деҳаи Амондараи Панҷакент 70 хонаро валанор кард.

Сокиноне, ки  бе манзил монданд, муваққатан дар хонаҳои хешовандонашон ҷой дода, дар ҷои ҳодиса кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода кор мекунанд ва хисоротро ҳисоб доранд.

Мавзуҳо:
Сел дар Дарвоз (12)

Мавзуъ

Ҳушдор аз омадани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо дар Тоҷикистон
Чӯпоне дар Панҷиканд барои огоҳ кардани мардум аз хатари сел бо медол арҷгузорӣ шуд
Сел дар Панҷиканд: шарҳи КҲФ
Сел дар Панҷиканд 25 хона ва роҳҳоро вайрон кард
Барчаспҳо:
роҳбандӣ, сел, КҲФ, ВМКБ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ