22:28 27 июни 2017
Пахши мустақим
Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ

Вақт надорад: чаро Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон намеравад

© AP/ Anvar Ilyasov
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
46901

Коршинос Андрей Грозин далели ба Тоҷикистон сафар накардани Шавкат Мирзиёевро гуфт

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Мудири бахши кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Пажӯҳишгоҳи кишварҳои ҳамсуд (СНГ) Андрей Грозин мегӯяд, сарфи назар аз "об шудани яхҳо" миёни Тоҷикистон ва Узбакистон, дар ин 20 сол мушкилоти фаровоне миёни ду кишвар буда, ки намешавад онҳоро бо як сафар аз миён бурд.

"Вагарна чаро Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд намеравад? Далелаш даққан ҳамон аст. Яъне сафари расмӣ дар чунин шароите ҳамчун гузашт аз ҷониби Мирзиёев ё Раҳмон шумурда хоҳад шуд. Ин зоҳири қазия аст", — гуфт коршинос дар суҳбат бо Sputnik Узбакистон.

Ӯ бар ин бовар аст, ки Узбакистон тактикаи худро дорад. "Реҷаи кории раисҷумҳур резинӣ нест, то дар як муддати чандин сафарро бигунҷонад", — таъкид кард коршинос.

Пештар ҳам мудири гурӯҳи пажӯҳишии Донишкадаи Шарқшиносӣ Станислав Притчин яке аз далоили сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудиро мулоқоти ғайрирасмӣ бо Шавкат Мирзиёев гуфт.

"Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп суҳбати кӯтоҳе дошт ва он на баррасии муносиботи дуҷониба, балки танҳо як ташрифот буд. Муҳимтар аз он дидори ғайрирасмии Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури ҷадиди Узбакистон Шавкат Мирзиёев буд", — гуфт коршинос.

Мавзуъ

Даст ба даст: Раҳмон ва Мирзиёев равобити устувори ду кишварро намоиш доданд
Коршинос: Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамкории кишварҳои суннимазҳаб умед бастааст
Бичков: Узбакистон ва Тоҷикистон ғайри дӯстӣ дигар роҳ надоранд
Барчаспҳо:
сафари расмӣ, Андрей Грозин, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ