05:24 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Иззат Амон таджикский активист в России, архивное фото

Иззат Амон дар бораи мурофиаи додгоҳӣ, боздошт ва истирдоди Каромат Шарипов ба Тоҷикистон

© Фото: Аккаунт Facebook Izzat Amon
Андеша
Гирифтани линки кӯтоҳ
98810

Ба гуфтаи ин ҳомии ҳуқуқ, ба гумони ағлаб пас аз ду-се рӯз Каромат Шарипов дар Тоҷикистон мешавад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Иззат Амон вакили тоҷик ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон боздошт ва истирдоди роҳбари Федератсияи муҳоҷирони ИДМ Каромат Шариповро ба Sputnik Тоҷикистон тавзеҳ дод. Вай мегӯяд, қазияи истирдоди Каромат Шарипов барои ӯ ғайричашмдошт буд.

Ба гуфтаи Иззат Амон, пас аз ҳодисаҳои бозори Люблино кормандони Хадамоти муҳоҷиратии Русия дар ноҳияи Любертси гузарномаи Каромат Шариповро мусодира карданд. Хадамоти даъво доштааст, ки Каромат Шарипов гузарномаи русиро ғайриқонунӣ ба даст оварда буд.

Ҳамин тавр, рӯзи гузашта бояд додгоҳи шаҳри Любертсии вилояти Маскав даъвои Каромат Шариповро аз боло хадамоти муҳоҷиратӣ баррасӣ мекард, аммо қазия ғайричашмдошт ба итмом расид.

"Вақте ба додгоҳ ҳозир шудем, барои ҳимояи аз Каромат Шарипов наздики 100 нафар тоҷикон омада буданд. Аммо ба мурофиа ман, Каромат Шарипов, котиб ва ҳомии ӯро роҳ доданду халос",- мегӯяд Иззат Амон.

Дар рафти мурофиа намояндагони хадамоти муҳоҷират  аз додгоҳ дархост кардаанд, ки бо далели он ки парванда маводҳои махфӣ дорад,  мурофиа пушти дарҳои пӯшида сурат гирад ва ин аризаи хадамотро додгоҳ қабул ҳам кардааст.

"Ман аз толори додгоҳ берун шудам ва назди тоҷиконе рафтам, ки онҳо дастгир шуда баданд",- мегӯяд Иззат Амон.

Ба гуфтаи вай, мурофиаи судӣ соати 17:30 ба итмом мерасад ва Каромат Шариповро дар роҳрав (коридор)-и  додгоҳ боздошт мекунанд ва ба Боздоштгоҳи муваққати муқҳоҷирон дар шаҳри Егоровск мебаранд.

Пештар баҳси  шаҳрванди Тоҷикистон будан ё набудани Шаприпов дар расонаҳо баррасӣ шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, кормандони хадамоти муҳоҷират  ба додгоҳ маълумотномае пешниҳод карданд, ки гӯё Каромат Шарипов шаҳрванди Тоҷикистон аст.

"Аҷоибиш ҳамин буд, ки дар рафти мурофиа кормандони Хадамоти  муҳоҷират ба суд  маълумотномае нишон доданд, ки дар он имзои консули пештараи ҶТ дар Русия Ашрав Гулов гузошта шудааст ва гуфта мешавад, ки Каромат Шарипов шаҳрванди Тоҷикистон аст",- шигифтзада мешавад вай.

Иззат Амон таъйид мекунад, ки Каромат Шарипов ҳеҷ гоҳ шаҳрванди Тоҷикистон набудааст.

"Тибқи қонунгузории Тоҷикистон,  шаҳрванде ки аз ҳудуди кишвар ба мӯҳлати зиёда аз 5 сол берун меравад автоматӣ шаҳрванди хориҷ мешавад.  Каромат ҳудуди 13 сол ба Тоҷикистон намерафт, илова бар ин вай дар даврони Шуровӣ  дар девизияи русии "Туркистанский военний округ" хидмат мекарда, аз ҳамон ҷо бо ба Смоленск фиристода шуда буд. Яъне шаҳрвандии СССР ӯ шаҳрвандии Русияро гирифтааст, ҳеҷ вақт шаҳрвандии Тоҷикистонро надошт ва агар ҳам ки медошт тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба таври автоматикӣ хориҷ карда мешуд",- мегӯяд вай.

Адвокати тоҷик афзуд, додгоҳ далели истирдоди Каромат Шарипов ро ғайриқонунӣ гирифтани шаҳрвандӣ ва зиндагӣ дар ҳудуди Русия унвон кардааст.

"Ман ҳеҷ гумон намекардам, ки Каромат Шариповро боздошт ва истирдод мекунанд. Зеро вай панҷ фазанд, хона, ширкатҳои сохтмонӣ ва умуман хело аз асосҳои дигари қонкунӣ дорад, ки истирдод нашавад",- меафзояд вай.

Иззат Амон гуфт, вакили Каромат Шарипов қарори додгоҳро шикоят хоҳад кард. Аммо ба гумони ағлаб пас аз ду се рӯз Шарипов дар Тоҷикистон мешавад.

Барчаспҳо:
шаҳрвандӣ, додгоҳ, шикоят, Иззат Амон, Каромат Шарипов, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ