10:49 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Комрон Аслон, акс аз бойгонӣ

Шоире ба "Барқи тоҷик": Хонаи нурӣ, вале рафтори ту, Ҳеҷ муносиб нест бар гуфтори ту!

Аккаунт Facebоok Камрона Аслона
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
225 0 0

Шоири ҷавони тоҷик Комрон Аслон дар шеъре аз боло бурдани нархи барқ ба ширкати "Барқи тоҷик" муроҷиат карда гуфтааст, гуфтаҳои ширкати ба амалаш рост намеоянд

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Комрон Аслон — шоири ҷавони тоҷик дар шеъри тозае, ки дар саҳифаи Фейсбук мунташир кардааст, аз боло рафтани нархи барқ ба ширкати "Барқи тоҷик" шикоят бурдааст, ки шароити мардуми кишвар гарон шудани нархи барқро намебардорад:

Барқи Тоҷик зиндагиям торик аст

Риштаи умри "светат" борик аст
Нархи барқат меравад то осмон
Чашм бикшову бубин, аҳволамон
Сол аз сол нарх боло мекунӣ
Зиндагиро оҳ расво мекуни
Хонаи нурӣ, вале рафтори ту
Ҳеҷ муносиб нест бар гуфтори ту
Халқро ғорат куни ҳар солу моҳ
То ба кай фарёду шеван,оҳу воҳ
Хизмати халку Ватан бояд намуд
Нарх бо таъби сухан бояд намуд
Нархро боло набар, боло набар
Илтиҷо дорам ба ту ҳоло набар
Ҳолу аҳволи муҳоҷирро нигар
Дарду ранҷи ҳар мусофирро нигар
Раҳм кун бар ҳоли мардони Ватан
Бош индам боли мардони Ватан
Барқи Тоҷик илтиҷо дорам туро
Руи дафтарҳои дил корам туро
Гар ту нархи барқ поён мекуни
То қиёмат дуст медорам туро.

Ширкати "Барқи тоҷик" 13-уми сентябри соли равон эълон кард, ки нархи барқ дар Тоҷикистон барои тамоми истифодабарандагон, аз ҷумла аҳолии кившар 15 дар сад боло меравад. Ширкат гуфт, гарон шудани нархи барқ, ба шароити зандагии камбизоатон таъсир намерасонад, зеро пули барқи онҳоро Ҳукумати кишвар пардохт мекунад. Аммо истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, болоравии барқ киссаҳаи муфлиси онҳоро боз холитар хоҳад кард.

Худи Комрон Аслон мегӯяд, ин шеърро тоза навиштааст ва умед дорад, ки ба гӯши "Барқи тоҷик" мерасад.

Барчаспҳо:
болоравии нарх, шеър, ширкати "Барқи тоҷик", Комрон Аслон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ