20:40 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Иди Рамазон дар Душанбе

Худованд золимонро ҷазо медиҳад: Назари Шурои уламои Тоҷикистон ба ҳаводиси Миёнмор

© Sputnik
Иҷтимоъ
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Худованд ҳаққи мазлумро мегирад ва золимро ҷазо медиҳад, посух додааст Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба посухи як корбари интернетӣ дар бораи ҳодисаҳои Миёнмор

ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Як корбари интернетӣ ба Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мактуб навишта пурсон шудааст, ки дар бораи ҳодисаҳои Миёнмор чӣ назар доранд ва дар ҳолате ки дар ҷойе мусалмонон кушта мешаванд, дигар мусалмонон чӣ кор бояд кунанд.

Дар посух ба ин савол намояндаи Шурои уламои Тоҷикистон гуфтааст, Худованд золимонро ҷазо медиҳад, ки бар ин таърих гувоҳ аст.

Дар давомаш Шурои уламо аз мусулмонон дархост кардааст, ки дар намозҳояшон дар ҳаққи бародарони мусалмон дуо кунанд.

Посухи пурраи Шурои уламо:

Бародари азиз, дар ин замони пурфитна қиматтарин чиз барои инсоният як пора замини ором аст, то ки дар он зиндагӣ ва ибодати худро осуда анҷом диҳанд. Ҳамагон медонанд, ки имрӯз абарқудратҳо мехоҳанд заминро аз сари нав тақсим кунанд ва ҳадафҳои худро амал намоянд. Аз ин хотир мардумро ба ҳар гурӯҳ тақсим карда, миёни онҳо низоъ ва ҷанг меандозанд, пас бояд бисёр ҳушёр бошем. Албатта барои мусулмонони Мянма ва занону кӯдакони онҳо ҳеҷ фарди мусулмон бетараф буда наметавонад. Мо ҳамагон дар ҳаққи онон дуои хайр мекунем, таърих гувоҳ аст, ки Худованд ҳаққи мазлумро мегирад ва золимро ҷазо медиҳад. Мо бояд дар ҳаққи бародарони мусулмонамон дар ҳар намоз, хусусан дар намозҳои таҳаҷҷуд дуо кунем.

Ёдовар мешавем, чанде пеш як муҳоҷири тоҷик Парвиз Иброҳимов дар шабакааш дар Ютуб хабар дод, ки барои кӯмак ба фирориёни Миёнмор ба Бангладеш рафтааст. Вай аз ҳамаи мусалмонон даъват кард, ки нисбати якдигар меҳрубон бошанд ва кӯмакашонро дареғ надоранд.

Барчаспҳо:
Миёнмор, Шурои уламои ҶТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ