00:16 27 феврали 2017
Пахши мустақим
Ҳавопаймои ширкати Уральские авиалинии, акс аз бойгонӣ

"Уральские авиалинии" бе маҳдудият ба Тоҷикистон парвоз мекунад

© Sputnik / Михаил Фомичев
Нақлиёт
Гирифтани линки кӯтоҳ
Алоқаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон (13)
49 0 0

Ҳамаи парвозҳо ба Тоҷикистон мувофиқи реҷа суръат мегиранд, хабар дод манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik.Ширкати ҳавоии "Уральские авиалинии" аз вазорати нақлиёти Тоҷикистон огоҳиномаи расмӣ нагирифтааст, барои ҳамин ба ҷумҳурӣ бе ягон маҳдудият парвоз хоҳад кард, хабар дод ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи ширкат дар Душанбе.

"Аз Тоҷикистон оид ба маҳдудияти парвозҳо ба кишвар ягон огоҳномаи расмӣ нагирифтаем",- қайд кард манбаъ.

Ҳамин тавр тамоми парвзоҳо ба ҷумҳурӣ бе ягон маҳдудият суръат мегиранд, иброз дошт вай.

Пештар хабар дода шуд, ки Русия ба ширкати ҳавоии "Сомон- Эйр" манъ кардааст, ки ба ғайр аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург, Сочи ва  Қазон ба дигар шаҳрҳо павроз кунад. Дар ҷавоб ҷониби Товҷикистон ба чор шаҳри кишвар паврози ширкати "Уральские авиалинии"-ро манъ кардааст.

Sputnik Тоҷикистон ҳамчунин хабар дода буд, ки дар омад омади Соли нав аз фурудгоҳи Жуковский  қариб 200 шаҳрванди Товҷикистон наметавонанд ба кишвар баргарданд.

Мавзуҳо:
Алоқаи ҳавоии Русия ва Тоҷикистон (13)
Барчаспҳо:
парвоз, Уральские авиалинии, Тоҷикистон-Русия