Раиси кунунии парлумон номзади интихобот шуд

© SputnikПарлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аз 30 декабр дар Тоҷикистон пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатӣ расман шурӯъ шуд. Пешбарии номзадҳо 15 рӯз давом мекунад.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Дар нахустин рӯзи пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ Шукурҷон Зуҳуров, раиси кунунии Маҷлиси намояндагон барои боз як давра ба вакилии порлумони Тоҷикистон пешбарӣ шудааст, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Зуҳуровро дар анҷумани муштараки созмонҳои маҳаллии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо ширкати намояндагон аз навоҳии Рашту Нурободов, Ҷиргатолу Тоҷикобод ва Тавилдара пешбарӣ кардаанд. Ин анҷуман дар шаҳраки Ғарм, маркази  ноҳияи Рашт доир шудааст, мегӯяд, Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон.

Шукурҷон Зуҳуров дар интихоботи соли 2010 низ аз ҳавзаи Рашт вакил ва баъдан раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Тибқи қонуни интихоботи порлумони Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба интихоботи Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатӣ 60 рӯз пеш аз интихобот шурӯъ шуда, 15 рӯз давом мекунад.

Интихоботи навбатии маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ба рӯзи 1 март таъин шудааст ва ба ин далел, пешбарии номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ 30 декабр оғоз ёфт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала