Филипп Киркоров ситораи эстрадаи рус дар барномаи солинавии "Максим Максим" ба барандаи барнома Максим Галкин ҷураби помирӣ тақдим кард
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо пуштибонии раъйи 32 нафар аъзои Маҷлиси Миллӣ дигарбора курсии раисии ин ниҳодро соҳиб шуд
Дар порлумони Тоҷикистон ду гурӯҳи ҳизбӣ ва як гурӯҳи вакилони бидуни узвият дар ҳизб таъсис шуда пурнуфузтарин гурӯҳ созмони “ҳизби ҳоким” шуморида мешавад
Бахтовар Сафаров, ҷавонтарин вакили парлумон аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон роҳбарии фраксияи ин ҳизбро бар дӯш гирифт
Раисҷумҳур 6 узви Маҷлиси Миллӣ-палатаи болоии парлумони кишварро таъин намуда, дар дастгоҳи президент ва ҳукумат як қатор тағйирот ворид кардааст
Ба вакилии Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон 25 номзад пешниҳод мешаванд, ки онҳоро маҷолиси маҳаллӣ интихоб мекунанд
Интихобот дар се маркази вилоятии Тоҷикистон – дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва ду ҳавзаи пойтахт баргузор мешаванд. 25 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб мешаванд
Вакилони маҳаллии шаҳри Кӯлоб дар нахустин ҷаласаи худ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳрро ҳамчун номзад ба Маҷлиси миллӣ пешбарӣ кардаанд
Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, дар ҷаласаи субҳи 13 гуфтааст, ҳарчанд мехост аз мақомаш истеъфо диҳад, аммо раисиҷумҳур онро напазируфтааст
Рӯзи панҷшанбеи 12 март Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи парлумониро эълон кард
КМИР барои пешбарии номзадҳо ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон (Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ) се рӯз ҷудо кард, ҷараёни овоздиҳӣ бошад рӯзи 27 март сурат мепазирад.
Шокирҷон Ҳакимов аз Комиссияи марказии интихобот хостааст, натиҷаи овоздиҳӣ дар ҳавзаи якмандатии рақами 19-ро бекор карда, замони баргузории даври дувуми интихоботро мушаххас намояд
Ҷаласаи нахустини даври панҷуми Маҷлиси намояндагон бо фармони президент 17 март баргузор мешавад. Ин ба он маънист, ки парлумони ҷадид кори худро аз он рӯз шуруъ мекунад
Sputnik рӯйхати комили вакилони интихобшудаи даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагонро ба нашр мерасонад.
Ислом Каримов дар ин нома раисҷумҳури Тоҷикистон бо пирӯзии ҳизбаш дар интихобот табрик гуфта, ба раисҷумҳур сиҳатмандии бардавом хостааст
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри изҳороте интихоботи парлумонии якуми мартро "ношаффоф ва ғайрииозод" дониста, гуфт, ваъдаи пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон иҷро нашудааст
Тибқи натоиҷи муқаддамотӣ, Абдуғаффор Раҳмонзода, номзад аз ҲХДТ ва шаҳрдори пешини Кӯлоб дар ҳавзаи якмандатии Кӯлоб-37, аз ҳамаи рақибонаш раъйи бештар ба даст овардааст
Раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон натоиҷи интихоботи гузаштаро пирӯзии ҳамтоёнаш донист, ҳарчанд ҳеч номзаде аз ҳизби вай вориди порлумон нашуд.
Мудири иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дар дидор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки интихоботи порлумонии 1 март дар Тоҷикистон ба наҳваи демократӣ, шаффоф ва мутобиқ ба меъёрҳои қавонини миллӣ баргузор шуданд.
Ҳарчанд ҳизби коммунист натавонист дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ соҳиби ҷой дар Маҷлиси намояндагон шавад, дар ду ҳавзаи якмандатӣ номзадҳои ин ҳизб баранда шудаанд