Раиси КМИР: навори “ҷангу сулҳ”-и ҲНИТ хилофи қонун аст

© Sputnik / Алексей КуденкоИнтихобот дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Интихобот дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон навори таҳиякардаи Ҳизби наҳзати исломиро, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро аз нигоҳи онҳо бозгӯ мекунад, хилофи қонунгузорӣ донист.

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ), аз "ролик"-ҳои интихоботии ҳизби наҳзати исломӣ, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро аз нигоҳи ин ҳизб бозгӯ мекард, хилофи қонунгузорӣ донистааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Шоҳиён шоми 12 феврал ҳангоми сӯҳбаташ тариқи шабакаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи маъракаи пешазинтихоботӣ, гуфт, қонунгзорӣ таҳияи чунин навор ва тавзеи он дар миёни мардумро пешбинӣ накардааст. Раиси КМИРТ дар идома, ба гуфтаи худи ӯ, аз зиёдаравии баъзе аҳзобу аз сустии бархе номзадҳо интиқод кард.

Рӯзҳои шанбе ва якшанбеи гузашта таблиғгарони ҲНИТ, ки миёни онҳо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳазб низ буд, ба чанде аз бозорҳои маъруф дар Душанбе, аз ҷумла "Султони Кабир" ва "мошинбозор"-у "Корвон" рафта, аз наздик бо мардум гуфтугӯ карданд. Онҳо дар баробари тавзеи варақаҳои интихоботӣ, инчунин, CD-еро ба мардум доданд, ки дар он ҷангу сулҳи тоҷикон дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта аз нигоҳи ин ҳизб бозгӯ мешавад.

Аз ин пештар, 28 январи соли ҷорӣ, шаҳрдории Душанбе дар посух ба дархости Ҳизби наҳзат, ки мехост таблиғоти интихоботии худро дар кӯчаҳои пойтахт ба роҳ монад, гуфт, ин дархост хилофи Қонун дар бораи интихобот аст.

Руқия Қурбонова — муовини шаҳрдори Душанбе, дар сӯҳбат бо расонаҳо гуфта буд, дар корзори интихоботи парлумонӣ ба ҳамаи номзадҳо ҳаққи баробари таблиғу ташвиқ дода шудааст ва ин дархости Ҳизби наҳзати исломӣ аз чорчӯби муайянкардаи қонун ва Комиссияи марказии интихобот берун аст.

Дар парлумони кунунии Тоҷикистон ба ҷуз аз Ҳизби ҳокими халқии демократӣ, ки аксарияти курсиҳо ба он тааллуқ доранд, инчунин, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби коммунист ва Ҳизби аграрӣ дунафарӣ намояндагӣ мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0