Мавқеъи дастаи мунтахаби футболи ҶТ дар феҳрасти ФИФА пойин рафтааст

© Официальная страница ФФТ в FacebookТими мунтахаби футболи Тоҷикистон
Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо касби 192 имтиёз дар феҳрасти ФИФА 23 зина пойин омад. Дар феҳрасти ҷадиди Федератсия тими Мӯҳсин Муҳаммадиев, ки аз моҳи сентябри соли гузашта ягон бозии расмӣ анҷом надодааст, ҷойгоҳи 141-ро дорад.

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар моҳи март дар феҳрасти ФИФА чаҳор зина пойин омадааст, хабар медиҳад сомонаи Федератсия футболи Тоҷикистон.

Дар феҳрасти ҷадиди ФИФА тими Тоҷикистон, ки аз моҳи сентябри соли гузашта ягон бозии расмии анҷом надодааст, ҷойгоҳи 141 дорад. Ҳамакнун тими Мӯҳсин Муҳаммадиев 192 имтиёз дорад, ки нисбати моҳи гузашта 23 имтиёз камтар аст. Дар миёни 46 тими Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистон ба гунаи моҳи гузашта дар ҷойгоҳи 20 қарор дорад, омадааст дар хабари ФФТ.

Мунтахаби футболи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Мақоми Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА тағйир наёфт

Дар феҳрасти моҳи апрели ФИФА, ки қабл аз қаръапартоии давраи дуввуми бозиҳои довталабони Ҷоми ҷаҳонии —2018 дар Осиё, тағйироти куллӣ сурат хоҳанд гирифт.

Агар тими мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тими Молдив (26 апрел дар Мале) ва Сурия (31 март дар Душанбе) пирӯз шавад, пас дар феҳраст мавқеъи худро беҳтар месозад.

Се ҷойгоҳи аввал дар феҳрасти феълиро ба гунаи моҳҳои қаблӣ тимҳои Олмон, Аргентина ва Колумбия ишғол карда тимҳои Ҷазоири Кука, Ангиля ва Бутан мавқеъзои охирро соҳиб шудаанд.

Дар тамоми таърихи таҳияи ин феҳраст танҳо ҳафт тим ҷойгоҳи аввалро касб кардаанд, ки панҷ тим аз Аврупо — Олмон, Италия, Фаронса, Испания, Голландия ва ду тим аз Амрикои Ҷанубӣ — Бразилия ва Аргентина мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала