Ҷавонтарин вакили парлумон роҳбари фраксияи ҲХДТ интихоб шуд

Дар порлумони Тоҷикистон ду гурӯҳи ҳизбӣ ва як гурӯҳи вакилони бидуни узвият дар ҳизб таъсис шуда пурнуфузтарин гурӯҳ созмони “ҳизби ҳоким” шуморида мешавад.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Гурӯҳи Ҳизби халқи демократ дар порлумонро Бахтовар Сафарови 32 сола раҳбар шуд, ки худ ҷавонтарин вакили порлумон мебошад, хабар медиҳад сомонаи порлумон.

Рӯзи чаҳоршанбе Маҷлиси намояндагон ҳайати ду гурӯҳ ва як гурӯҳи бидуни ҳизбӣ дар порлумонро таъйид кард.

"Бахтовар Сафаров раҳбари гурӯҳи вакилони ҲХДТ, Толибек Бухориев раҳбари гурӯҳи Ҳизби аграрӣ ва Равшан Раҷабов гурӯҳи вакилони бидуни узвият дар ҳизбҳо интихоб шудаанд", — омадааст дар хабар.

Парлумони Тоҷикистон дар остонаи интихобот. Тасвирбаён (Инфографика) - Sputnik Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон дар арафаи интихобот

ҲХДТ дар суфуфи гурӯҳи худ 42 вакил, ҲАТ 5 вакил ва гурӯҳи вакилони бидуни узвияти ҳизбӣ 8 нафарро доранд.

Намояндагони ҳизби ҳоким дар порлумон 51 курсӣ аз 63-торо соҳиб шудаанд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи имрӯз порлумон намояндаи худ дар Додгоҳи Қонуни асосӣ Толибхон Азимзода ва дар Шӯрои адлия Мавлуда Қаландарзодаро таъйин кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала