Лоиҳаи ҳукумат барои тағйирот ба қонуни “масъулияти падару модар”

Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” яке аз қонунҳои баҳсбарангези Тоҷикистон дар чанд соли охир аст.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ба Қонуни ҶТ "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" лоиҳаи тағйиру иловаҳоро омода кардааст, хабар медиҳад сомонаи президент.

Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тарҳи тағйири қонуни ҳизбҳо ба парлумон ироа мешавад

Ин лоиҳа зимни ҷаласаи ҳукуматӣ, ки рӯзи 29 май барпо шуд, аз ҷониби аъзои ҳукумат пазируфта шудааст ва қарор аст ба парлумон барои баррасӣ ва тасдиқ фиристода шавад. Аммо сомона ишора накардааст, ки дақиқан чӣ тағйироте зимни ин лоиҳа омода шудааст.

Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаи кадрҳо баррасӣ шуда, аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ тасдиқ гардидааст.

Қонуни "Масъулияти падару модар" дар чанд соли охир аз баҳсбарангезтарин қонунҳои Тоҷикистон аст, ки рафтани ҷавонони зери синни 18-ро ба масоҷид манъ мекунад. Дар давраи гузаштаи парлумон Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба ин қонун лоиҳаи худро пешниҳод карда буд.

Дар лоиҳаи вакилони ҲНИТ ворид кардани тағйирот ба моддае, ки ширкати афроди зери синни 18-ро дар масоҷид манъ мекунад, яке аз нуктаҳои аслӣ буд. Вале парлумон ин лоиҳаи ба баррасӣ нагирифт.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала