Ба минтақаи хусусӣ кӯчонида шудани бозори мошинҳо

© Sputnik Амир ИсаевБозори мошинҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бозори мошинҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кӯчонидани бозори мошин ба берун аз қаламрави шаҳри Душанбе мутобиқи Нақшаи генералии сохтмони пойтахт ва бо қарори марбутаи ҳукумати Душанбе сурат гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бозори фурӯши мошинҳо, ки қаблан дар Душанбе фаъолият дошт, ба минтақаи хусусӣ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ кӯчид, иттилоъ медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба сардори раёсати рушди иқтисод ва тиҷорати ҳукумати пойтахт Сайфулло Амонов.

Тайи чанд соли ахир бозори мошини Душанбе дар масоҳати 3,7 гектар дар маҳаллаи мавсум ба Гипроземи пойтахт воқеъ буд ва бо қарори ҳукумат ба ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ кӯчонида шуд.

Дастури шаҳрдори Душанбе барои берун бурдани бозори мошин

"Бозори ҷадиди мошинфурӯшӣ дар масоҳати 10 га ҷойгир буда, заминҳои ин минтақа марбути ҶММ "Сангреза мебошад ва ин қаламрав ба соҳибкори хусусӣ Касир Мирзоев таалуқ дорад. Баъди чанд муддат масоҳати бозор то 20 гектар афзоиш меёбад",- қайд кард Амонов.

Дар ҳамин ҳол, дар мавриди арзиши нигаҳдории нақлиёт дар бозори нав чизхе гуфта нашудааст. Қаблан, дар бозори мошини Душанбе барои як шабонарӯз таваққуфи мошин дар дохили фурӯшгоҳ 10 сомонӣ ($1,5) маблағ месупориданд.

Ба ғайр аз ин, аснои хариду фурӯш ва санадгузорӣ дар бозори кӯҳна 500-600 сомонӣ маблағ ситонида мешуд. Барои ҷалби муштариён дар бозори ҷадид 3-4 моҳи оянда ин намуди хидматгузорӣ ройгон хоҳад буд.

Кӯчонидани бозори мошин ба берун аз қаламрави шаҳри Душанбе мутобиқи Нақшаи генералии сохтмони пойтахт ва бо қарори марбутаи ҳукумати Душанбе сурат гирифтааст.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала