ИФМ 1,4 миллион нафар атбоъи хориҷиро мамнуъ-ул-вуруд кард

Муқаррароти ҷадиди муҳоҷират дар Русия аз авоили моҳи январи соли 2015 мавриди иҷро қарор гирифтанд. Тибқи ин муқаррарот ба атбоъи хориҷие, ки қавонини муҳоҷиратро нақз кардаанд, барои 10 сол вуруд ба Русия манъ мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. ИФМ ба 1,4 миллион нафар нақзкунандагони қавонини Русия вуруд ба ин кишварро мамнӯъ сохтааст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба маркази матбуотии ин ниҳод.

Тибқи муқаррароти ҷадиди муҳоҷирати Русия, ки аз аввоили моҳи январи соли 2015 мавриди иҷро қарор гирифтанд, ба он идда аз атбоъи хориҷӣ, ки қавоиди ҳузур дар кишварро нақз кардаанд, ба сурати мустақим вуруд ба кишвар барои 10 сол мамнӯъ мешавад.

ФР барои нақзи реҷаи муҳоҷират манъи вуруд то 10 солро ҷорӣ менамояд

"Феълан барои 1,4 миллион атбоъи хориҷӣ убур аз марзи давлатии Русия мамнӯъ шудааст", — омадааст дар хабари ин ниҳод.

Маркази матбуотӣ аз суханони раҳбари ИФМ Русия Константин Ромодановский иқтибос овардааст, ки вуруд ба нақзкунандагонро компутар манъ месозад. "Компутар интихоб намекунад, ки ба кӣ иҷоза диҳаду ба кӣ на. Барномаи компутарӣ нақзкунандаро ошкор кард ва таъйинотро содир кардааст", — гуфтааст Ромодановский.

Вай зикр кард, ки муқаррароти муҳоҷират — тахайюлӣ набуда онро бояд донист ва иҷро кард, "зеро Русия шаҳри бедарвоза нест".

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала