Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои 4 тарҳ ба Тоҷикистон $ 47 млн ихтисос медиҳад

Маблағи бештар барои иҷрои тарҳи ҷадиди беҳбуди назорат ва беҳтарсозии вазъи таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон ихтисос ёфтааст. Барои иҷрои ин аҳдоф масрафи $15 миллион дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Қарордод дар бораи сармоягузории чаҳор тарҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи умумии $47 млн. ахиран дар вазорати молияи ҶТ имзо шудааст, хабар медиҳад сомонаи ин вазоратхона.

Ин санадро вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патритсия Виверс-Картер имзо кардаанд.

Маблағи бештар ба тарҳи ҷадиди "Барномаи таҳсилоти олӣ" ихтисос мешавад. Анҷумани байналмиллалии рушд (АБР) барои иҷрои ин тарҳ $15 миллион ихтисос медиҳад.

Долларҳои ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ ироаи $22 миллионро ба Тоҷикистон тасдиқ кард

"Ин тарҳ беҳбуди кайфият ва назорати таҳсилоти олӣ ва талаботи он дар бозори меҳнатро пуштибонӣ мекунад", — зикр шудааст дар хабар.

Дар маҷмӯъ ҳар чаҳор тарҳ беҳбуди кайфият ва дастрасии шаҳрвандон ба хадамоти давлатӣ назири оби ошомиданӣ ва полезӣ, тандурустӣ ва таҳсилотро ҳадаф доранд.

Як тарҳи дигар беҳбуди обрасонии шаҳри Душанберо ҳадаф дорад. Барои беҳбуди кайфият ва низомии обрасонӣ барои сокинони пойтахт $ 10 миллион ихтисос шудааст. $1 миллиони дигар барои иҷрои ин тарҳрро шаҳрдории Душанбе ихтисос медиҳад.

Барои тарҳи таъмини шуғли аҳолӣ ба манзури рушди кишоварзӣ ва танзими захойири об (РАМР-2) аз ҳазинаи АБР сармоягузории изофӣ ба маблағи $12 миллион ихтисос мешавад.

Аробакаш дар бозор мунтазири муштарӣ аст. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ: муҳоҷирони бармегашта фишор ба бозори корро ташдид мекунанд

"Ин тарҳ имкон медиҳад, ки ба сурати муваққат 10 ҳазор нафар аз ҷумлаи аҳолии осебпазири рустоӣ бо ҷойи кор таъмин шаванд ва ба далели кундшавии рушди иқтисодӣ, пойин рафтани мизони интиқолоти пулӣ ва хатароти амнияти ғизоии хонаводаҳо вазъи зиндагии ин афрод беҳбуд ёбад", — изҳор умедворӣ мекунанд дар вазорати молия ва БҶ.

Ба ҷуз аз ин барои беҳбуди вазъи тандурустӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби АБР сармоягузории изофӣ ба маблағи $10 миллион ихтисос шудааст.

Дар вазорати молия зикр кардаанд, ки сармоягузории изофӣ имкон медиҳад маболиғ барои бозсозии 20 муъасиссаи пизишкиву беҳдоштии аввалия бозсозӣ шаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала