Дар Ҳисор нафақахӯрон ҳам ба пахтачинӣ баромаданд

© SputnikҶамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҳисор
Ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҳисор - Sputnik Тоҷикистон
Мавсими ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон дар авҷи худ қарор дорад. Аксари хоҷагиҳои деҳқоние, ки пахтакорӣ кардаанд, ҳоло ҳосили худро ҷамъ меоранд. Хоҷагии деҳқонии “Абдурауф Юсуфов”-и ноҳияи Ҳисор чинаки дувумро 28 сентябр шуруъ кард. Ин хоҷагӣ ӯҳдадор шудааст, ки имсол аз 7 гектар майдони пахта ҳудуди 20 тонна пунбадона ҷамъоварӣ кунад.

Хурсандбибӣ Тӯраева, сокини 63-солаи ноҳияи Ҳисор аст, ки сарфи назар аз синнаш ҳоло бо ҳавсала ва хоҳиши зиёд пахта мечинад. Ӯ аз ҳаққи аъзогӣ ба хоҷагии деҳқонӣ-мустақиман кор кардан ва дарёфти маош маҳрум шудааст. Вале ин монеа натавонист Хурсандбибиро аз пахтачинӣ маҳрум намояд.

Ҷамъоварии пахта - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон содироти нахи пахтаро афзоиш дод

"Дар хоҷагии деҳқонӣ номи келинам навишта шудааст. Ман гӯё келинамро ёрдам мекунам. Худам аз шабу рӯзи арусиам то соли 2014 кор кардам. Аз 40 сол ҳам зиёдтар. Раҳбари хоҷагӣ гуфт, ки акнун синни ту ба нафақа расидаст, мумкин нест кор кардан", — нақл мекунад Хурсандбибӣ.

Саркори хоҷагӣ Уктам Тешаев аз Хурсандбибӣ ба унвони чинакчии пешқадам ном мебарад. Ин зан дар як рӯз то 100 кг пахта ҷамъ меоварад. Дар ивази ҳар кг пахта 50 дирам — барои 100 кг бошад 50 сомонӣ ба даст меорад.

Аммо дар хоҷагии мазкур танҳо Хурсандбибӣ нест, ки бо расидан ба синни нафақа ҳанӯз дар саҳро заҳмат мекашад. Махфират Ҳайталиева, пахтачини дигар низ бо вуҷуди ба синни нафақа расидан аз субҳ то шом дар саҳро кор мекунад.

Тоҷикистон содироти пахтаро 25% коҳиш дод

Махфират на танҳо дар мавсими пахтачинӣ ба саҳро баромадаст, балки аз замони коштани пахта то кунун кор мекунад. Ному насаби вай низ дар хоҷагӣ сабт нашудааст, танҳо аз номи духтараш кор мекунад. Махфират ва Хурсандбибӣ ҳар кадоме 200 сомонӣ нафақа дарёфт мекунанд.

Хоҷагии деҳқонии "Абдурауф Юсуфов"-и ноҳияи Ҳисор бори охир аст, ки пахтакорӣ мекунад. Тавре саркор Ӯктам Тешаев мегӯяд, дар соли гузашта дар маҷмӯъ даромади пахта хароҷоташро напӯшонидааст. Як тонна пахтаро бар ивази 700 доллари амрикоӣ фурухта, аз ҳар тоннаи он ба ҳисоби миёна то 1,5 ҳазор сомонӣ зиён дидаанд.

"Аз соли дигар дар ҷойи майдони пахта алафи чорво мекорем. Оҳиста-оҳиста хоҷагии деҳқониро ба хоҷагии молпарварӣ табдил медиҳем. Нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ поин омадааст. Пахта дигар маҳсулоти фоидаовар нест", — мегӯяд саркор Тешаев.

Роҳбарони хоҷагӣ дар ҳар сурат бекор нахоҳанд монд, аммо бо барҳам хӯрдани хоҷагии деҳқони тақдири аъзоёни он-чинакчиёни пешқадам чӣ хоҳад шуд, ҳоло касе дар фикри ҳалли ин муаммо нест.

© SputnikБо тарозу пахтаро бармекашанд
Подсчет собранного хлопка - Sputnik Тоҷикистон
Бо тарозу пахтаро бармекашанд
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала