Фатво ва даъвати Шӯрои уламо барои муборизаи беамон бо салафиҳо

© AP Photo/Amine LandoulsiНамояндаҳои ҳаракати Салафия дар Тунис
Намояндаҳои ҳаракати Салафия дар Тунис - Sputnik Тоҷикистон
Аъзои Шӯрои уламои Тоҷикистон тамоми мусулмонони кишварро ба муборизаи беамон алайҳи ин равия ва иттиҳод даъват кардаанд.

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе бо судури як фатво бори дигар пайравӣ аз равияи "Салафия", ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар қаламрави кишварро хилофи мазҳаби Абӯҳанифа ва шариати Ислом хондааст, дар ин бора аз Маркази исломӣ дар суҳбат бо Sputnik хабар доданд.

“Озодӣ”: КДАМ Салафияро хатарнок унвон кард

Ба қавли ҳамсуҳбати мо, иштироки садҳо ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, ки ба иддаои масъулини Шӯрои уламо онҳо маҳз бо даъвати мубаллиғини "Салафия" роҳ сӯи ин кишварҳоро пеш гирифтаанд, боис шудааст, то ин фатво содир карда шавад.

"Агар мо имрӯз ғаразҳои ин равияи тундравро ба мардум нарасонем ва пеши роҳи онҳоро нагирем, фардо дер мешавад ва он гоҳ дигар касе ба доди мо намерасад", — илова кард манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ҳоло Салафиҳои хавориҷ" дар Тоҷикистон дунболаи ҳамонҳое ҳастанд, ки дар дигар кишварҳои исломӣ фаъолият мебаранд. "Ин гурӯҳ миёни мусулмонон тафриқа эҷод карда, одамонеро, ки бо онҳо ҳамақида нестанд, мубтадиъу мушрик ва кофир эълон мекунанд", афзуд манбаъ.

Додгоҳи олии ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олӣ “Салафия”-ро ҷараёни экстримистӣ эълон кард

Аъзои Шӯрои уламои Тоҷикистон тамоми мусулмонони кишварро ба муборизаи беамон алайҳи ин равия ва иттиҳод даъват кардаанд.

Равияи "Салафия" дар пайи нигарониҳои зиёди масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сӯи Додгоҳи олӣ охирҳои моҳи декабри соли гузашта ҳамчун созмони экстримистӣ ё ифротгаро шинохта шуда, фаъолияташ дар қаламрави кишвар мамнуъ гардид.

Тибқи иттилои ВКД, пайравони "Салафия" ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд бештаранд.

Ҳоло дар баробари ин равия, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, "Ҳизби таҳрир", "Ал-Қоида", "Ҳаркати исломии Туркистони шарқӣ", "Ҳизби исломии Туркистон, (собиқ ҳаракати исломии Узбекситон), ҳаракати "Толибон", ташкилоти "Бародарони мусулмон", ташкилоти "Нашъа-ат таиба", "Ҷамъияти исломии Покистон", "Ҷамъияти Таблиғот", "Ташкилоти динии мисянерҳи созмонии таблиғот", "Тоҷикистони озод", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", "Гуруҳи 24 ", "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ун-нусрат" ҳам созмони террористӣ ва ифротгаро дониста шуда, фаъолияти онҳо бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.

Ба қавли масъулини Додгоҳи олӣ, ҳадафи ин щизбу ҳаракатҳо гӯиё сарнагун кардани сохти конститутсионии кишварҳо мебошад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала