Эъломи исми беҳтаринҳо аз ҷониби AFC дар соли 2015

© Sputnik / Табылды КадырбековМуборизаи футболбозони Қирғизистону Тоҷикистон
Муборизаи футболбозони Қирғизистону Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон маросими тақдими ҷоизаҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) ба беҳтаринҳои соли 2015 баргузор шуд.

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Kонфедератсияи футболи Осиё (AFC) дар маросими бошукуҳе таҳти унвони «AFC Annual Awards", ки рӯзи гузашта дар пойтахти Ҳиндустон, шаҳри Деҳлӣ сурат пазируфт, беҳтаринҳои мавсими футболи соли 2015-ро бо ҷоизаҳо сарфароз гардонд, иттилоъ доданд ба Sputnik дар Федератсияи футболи кишвар.

Ба қавли манбаъ, Аҳмад Халил, бозигари мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Араб, соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин бозигари Осиё" байни мардон гардида, тими миллии Австралия, рақиби Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018, ки моҳи январ барандаи Ҷоми Осиё-2015 гардидааст, беҳтарин мунтахаби сол байни тимҳои мардона эълон шуд.

Тамрини тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Кувайт - Sputnik Тоҷикистон
AFC Хуҷандро макони баргузории сабқати футзал-2016 интихоб кард

Дар байни тимҳои занона мунтахаби Ҷопон ғолиб омада, ба мураббии дастаи миллии Австралия- Анж Постекоглу ҷоизаи беҳтарин мураббии дастаи мардона ва ба Асако Такакура (Ҷопон) ҷоизаи беҳтарин мураббии тими занона супурда шуд.

Дар рӯйхати довталабон барои дарёфти ҷоизаҳои AFC, инчунин Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ба номинатсияи "Созмони футболи миллии дар ҳоли рушди сол" (AFC Member Association of the Year — Developing category) шомил буд. Ба ҷуз ФФТ барои ин ҷоиза ҳамчунин федератсияҳои футболи Ҳонконг ва Ветнам довталаб буданд.

Дар натиҷа ин ҷоиза насиби Ассотсиатсияи футболи Ҳонконг гардид.

Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ Хуршед Мирзоев, муовини раис ва ҳамзамон дабири кулли ФФТ, намояндагӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0