Палатаи ҳисоб: қариб 160 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд

© Sputnik Амир ИсаевБинои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Бинои Палатаи ҳисоби Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ошкор шудани зарару хисороти молиявӣ ва боло рафтани арқоми он ба касбияти мутахассони соҳа вобаста аст, зеро маҳз кормандони ҳирфаӣ чунин қонуншиканиро пайгирӣ карда метавонанд.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар соли 2015 зимни гузаронидани беш аз 400 санҷиши аудиторӣ дар вазорату идораҳо, корхонаю бонкҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори кишвар наздики 160 миллион сомонӣ зарари моливиро ошкор намуд, иброз доштанд масъулини ин ниҳод аснои нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Ба қавли раиси Палатаи ҳисоб Дилмурод Давлатзода, ин рақам дар қиёс ба соли 2014 ҳудуди 90 миллион сомонӣ зиёд аст.

Бинои Палатаи ҳисоби ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Палатаи ҳисоб 38 млн сомониро ба нафъи давлат барқарор кардааст

"Аз маблағи умумии ошкоргардида, ки 159 миллиону 557 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, беш аз 12 миллион сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ, зиёда аз 5 миллион сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, наздики 11 миллион сомонӣ изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ мебошанд",- қайд кард Давлатзода.

Ҳамзамон, 1 миллион сомонӣ зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ, зиёда аз 52 миллион сомонӣ талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ, беш аз 74 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо ва зиёда аз 3 миллион сомониро пардохт накардани суди саҳмияҳои давлатӣ ошкор шудааст.

Оқои Давлатзода бештар ошкор намудани зарари молиявиро дар вазорату идораҳо, муассисаю корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидори кишвар дар соли сипаришуда дар касбияту фаъолияти шаффофи мутахассисон ва таҳкими сохтори ин мақомоти олии назорати молиявии кишвар арзёбӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала