ТВ: шояд инфиҷори Брюссел алайҳи нахуствазири кишвар буд

© AFP 2021 / DIRK WAEM / BELGA /Фурудгоҳи байналмилалии Брюссел
Фурудгоҳи байналмилалии Брюссел - Sputnik Тоҷикистон
Яке аз ҷангиён дар наздики паноҳгоҳи худ дар маҳаллаи Старбек роёнаи худро пратофт, ки дар он нақшаи дафтар ва акси нахуствазир бо нишонии кӯчаи де ла Луа 16 дарҷ шудаст, иттилоъ медиҳад ширкати радио ва телевизиони маҳаллӣ бо такя ба “манобеъи боъэтимод”.

ДУШАНБЕ,  30 мар — Sputnik. Эҳтимол меравад, ки ифротгароён таркиши рӯзи 22 март дар Брюсселро бар зидди сарвазири кишвар Шарл Мишел ба нақша гирифта буданд. Далели гуфтаҳо ноутбуки террорист бо маълумоти пурра дар бораи ҷои истиқомати ӯ дар кӯчаи де ла Луа 16 мебошад, меафзояд телевизиони RTBF бо истинод ба "манбаъҳои боэътимод".

Терминал дар фурудгоҳи байналмилалии Брюссел баъди инфиҷори бомба - Sputnik Тоҷикистон
Шумораи қурбониён дар Белгия то 21 нафар расид

"Нақшаҳои амалиёт ва сурати дафтари сарвазири Брюссел дар кӯчаи де ла Луа 16 аз компютере, ки террорист дар паноҳгоҳи худ дар кӯчаи Мари Розии маҳаллаи Скарбек партофта буд, ёфт шуданд",- омадааст дар иттилоъия.

Ду инфиҷор дар фурудгоҳи байналмиллалии Брюссел субҳи 22 март ба вуқӯъ пайваст. Таркиши сеюм баъдтар дар истгоҳи "Малбек" дар метро рух дод. Бар асари  таркиш, ки аз ҷониби се террористи худкуш ба амал омада буд, 28 нафар ба ҳалокат расида, 340 тани дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Масъулияти инфиҷорҳоро гурӯҳи ҷангиёни ба ном "Давлати исломӣ" (ДИИШ) ба ӯҳда гирифт.

Шоми 13 ноябри соли 2015 се гурӯҳи муташаккили ҷангиён силсилаи ҳамлаҳоро дар Порис ва наздикии минтақаи Сен-Дени Фаронса анҷом доданд. Дар умум 130 нафар қурбон шуда, 350 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала