Бозиҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон оғоз мегарданд. Аз фардо

© Sputnik Амир ИсаевДастаи "Истиқлол"- барандаи медали тиллои футболи Тоҷикистон дар соли 2016
Дастаи Истиқлол- барандаи медали тиллои футболи Тоҷикистон дар соли 2016 - Sputnik Тоҷикистон
Сабқати имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи панҷшанбе шурӯъ мешаванд.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Мусобиқаи 25-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи панҷшанбеи 7-уми апрел бо бозии дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе ва "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров  дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ оғоз мегарданд, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар мусобиқоти имсола даҳ дастаи футбол ширкат варзида, рақобатҳо дар ду давра сурат мепазиранд.

Бозии Истиқлол - Регар-ТадАЗ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тими "Истиқлол"- барандаи Суперҷоми Тоҷикистон
 

"Нӯҳ дастаи қаблии лигаи олӣ- "Истиқлол", ССКА "Помир", "Барқчӣ" (ҳар се тим аз Душанбе), "Хуҷанд" (Хуҷанд), "Равшан" (Кӯлоб), "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода), "Хайр" (Ваҳдат), "Вахш" (Қӯрғонтеппа), "Парвоз" (Бобоҷон Ғафуров) ва ғолиби сабқати соли гузаштаи лигаи аввал — "Ҳосилот"-и Фархор  дар мусобиқаҳо байни ҳам рақобат хоҳанд кард",- меафзояд манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, иттилоъ дода мешавад, ки дастаи "Далерон-Ӯротеппа" (Истаравшан) ба сабаби вазъи мушкили молӣ аз ширкат дар мусобиқаи имсола даст кашидааст.

Бар асоси қуръакашии бозиҳои мусобиқоти имсола дар даври аввал рӯзи 7 апрел "Истиқлол" бо "Парвоз", 9 апрел "Регар-ТадАЗ" бо ССКА "Помир", "Хуҷанд" бо "Вахш", 10 апрел "Хайр" бо "Равшан" ва "Ҳосилот" бо "Барқчӣ" рақобат мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, мусобиқаи соли гузашта (2015) бо пирӯзии дастаи "Истиқлол" анҷом ёфта буд. Футболбозони Душанбе барои бори чаҳорум ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфта, бо медалҳои тило сарфароз гаштанд. Дастаи "Хуҷанд", ки ҷойи дувумро касб кард, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Ҷойи севум ва медалҳои биринҷӣ насиби дастаи "Равшан" гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала