Князев дар бораи вохӯрии роҳбарони ВУХ-ОМ дар ИМА: манфиатҳои кишварҳо мухолифанд

Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ ва вазирони ВКХ-Қазоқистон, Қирғизистон, Тқркманистон, Узбакистон ва тоҷикистон ду рӯз қабл масъалаҳои амният, иқтисод ва ҳифзи муҳити зистро муҳокима карданд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ду рӯз қабл дар Вашингтон вохӯрии вазирони вазорати корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ баргузор гардид. Форманти "С5+1", бино ба изҳороти Қасри Сафед бар зидди Русия ва Чин равона нашудааст. Sputnik аз коршинос оид ба Осиёи Марказӣ, доктори илмҳои таърих Александр Князев хоҳиш кард, то натиҷаҳои эҳтимолии вохӯриро пешгӯӣ намояд.

ИМА густариши "нарм"-ро идома медиҳад

Ба фикри коршинос нишон додани муқобилият нисбати таъсири Русия ва Чин ба Осиёи Марказӣ сарфи назар аз эъломия вазифаи асосии сиёсати Амрико дар минтақа мебошад.

Вашингтон.Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баррасии ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ИМА. Дар Вашингтон.

"Бархе аз коршиносон дар чунин назаранд, ки дар пайи кам шудани ҳузури Амрико дар Афғонистон манфиати онҳо нисбати Осиёи Марказӣ паст шудааст. Ман бо чунни назар розӣ рестам,-изҳор дошт Князев.-Чунки ҳамаи корҳое, ки дар доираи лоиҳаҳои "С5+1"  ва "Роҳи нави Абрешим" ва дигар лоиҳаҳо ба пуррагӣ барои ҷорӣ намудани таъсири худ равона гардидаанд. Ин амал бо истифодаи қувваи "нарм" анҷом дода мешавад-ва дар ин ҷода онҳо каме ҳам бошад муваффақ шудаанд".

Ба қавли коршинос густариши "нарм"-и  Амрико бештар дар Қирғизистон ва Тоҷикистон дида мешавад. Дар Қазоқистон ва Узбакистон бошад камтар мушоҳида мешавад.

"Дар аксари самтҳо муваффақияти Амрико назаррас аст,-қайд намуд Князев.-Масалан дар соҳаи маориф. Лоиҳаҳо бо истифода аз кишварҳои ҳамфикр ба роҳ монда мешаванд. Масалан мактабҳои туркӣ дар манотиқи Осиёи Марказӣ вазифаи ба воя расонидани равшанфикрони ояндаро доранд, ки албатта дар самти нуқтаи назар (аз ҷиҳати сиёсӣ) на ба Русия ва Чин, балки ба Ғарб равона мегардад".

Дар рӯёрӯи мушкилоти ҳалношуда

Ба фикри Князев дар вохӯрӣ дар Вашингтон ягон ҳодисаи рушан рух нахоҳад дод, чун формати "С5+1" пеш аз ҳама муҳокимаи масъалаҳои кориро дар назар дорад.

"Эъломияҳо омода хоҳанд шуд,-изҳор дошт коршинос. Дар баробари ин манфиатҳои кишварҳои аъзо гуногунанд. Дар вохӯрии аввалин, дар Самарқанд, ҳангоме, ки "С5+1" ташкил карда шуд, дар бораи лоиҳаҳои эенергетикӣ сухан мерафт. Вале дар ин самт назари кишварҳо мухолифанд. Ва ин мушкилотро касе ҳал намекунад".

Вазирони вазоратҳои умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ зимни вохӯрӣ дар ИМА - Sputnik Тоҷикистон
Дар вохӯрии С5+1 масъалаҳои амнияти минтақа баррасӣ гардиданд

Аммо ба назари Князев формати "С5+1" метавонад барои изҳор доштан дар бораи баъзе лоиҳаҳо ҳамкории хуб бошад.

"Амрикоиҳо дар доираи лоиҳаҳои худ дар бораи фарҳанги ягона, анъанаҳои ягонаи минтақа сухан гуфтанро  дӯст медоранд,-гуфт коршинос.-Дар ҳақиқат бошад, ин дурӯғи маҳз аст, чун Осиёи Марказӣ дар масъалаҳои иқтисодиёт ва амният ягон маротиба мутаҳҳид нашудааст. Танҳо аз ҷониби густаришгарони беруна. Аз ҷониби Чингизхон, ИҶШС".

Ҷопон намуна нест

Ба қавли коршинос минтақаи ягонаи Осиёи Марказӣ мутаассифона вуҷуд надорад. Мафҳуми ягонагии ҷуғрофии кишварҳои минтақа хусусияти тафаккурӣ дорад.

Ростислав Ишенко. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Осиёи Марказӣ барои ИМА-нуқтаи халалдор кардани Русия аст

"Манфиатҳо хеле мухолифанд,-қайд кард Князев.-Кишварҳое, ки фаъолиташон каму  беш ин минтақаро мустаҳкам мекунанд-Узбакистон ва Қазоқистон мебошанд. Ин кишварҳоро "барои савдо кардан мол доранд".

Ба қавли ӯ мушкилоти асосии Тоҷикистон ва Қирғизистон на дар ҷойгиршавии ҷуғрофист. Мушкилот-дар  идоракунии дохилӣ баъди пош хӯрдани ИҶШС мебошад.

"Ҳастанд кишварҳое, ки захираҳои табиӣ надоранд, вале аз ҳисоби идоракунии самараноки дохилӣ муваффақ шудаанд,-изҳор дошт Князев.-Масалан Ҷопон. Вале ин намуна ба Тоҷикистону Қирғизистон мутаассифона дахл надорад".

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала