Тоҷикистон аз Русия таҳқиқи воқеъбинонаи сӯхтор дар Тюменро талаб дорад

© Sputnik Игорь ЛекаркинБинои ВКХ-и ҶТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКХ-и ҶТ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳодисаи шаби 19 ноябри соли 2016 дар майдони сохтмонии “Абсолют Агро”, наздикии деҳаи Юргинское дар вилояти Тюмен боиси андӯҳ ва нигаронии ҷомеаи тоҷик гардид, омадааст дар торномаи ВКХ-и ҶТ

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. ВКХ-и ҶТ ба вазорати умури хориҷии Русия вобаста ба ҳодисаи сӯхтор дар Тюмени Русия, ки боиси марги ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон гардид, ёддошт ирсол намуд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тюмен айбдоршавандаи сӯхтор, ки боиси марги муҳоҷирон гашт, дастгир шуд

Ҳодисаи шаби 19 ноябри соли 2016 дар майдони сохтмонии вобаста ба ҶДММ "Абсолют Агро", наздикии деҳаи Юргинское дар вилояти Тюмен боиси андӯҳ ва нигаронии ҷомеаи тоҷик гардид. Бар асари алангаи оташ ҳафт нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расида, се нафари дигар дар ҳолати вазнин ба беморхонаи вилоятӣ интиқол дода шуданд.

Қобили зикр аст, ки ин шаҳрвандон ягона таъминкунандагони хонаводаҳояшон буда, бе вайрон кардани қонунҳои Русия, уҳдадориҳои меҳнатии худро софдилона иҷро мекарданд.

"Дар иртибот ба ин қазия, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли ёддошти дахлдор ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия таваҷҷӯҳи хосаро ба он равона кард, ки ин ҳодисаи фоҷеавӣ дар натиҷаи набуди оддитарин шароити корӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст, ки барои ин корфармо бояд масъулият дошта бошад",-омадааст дар хабарнома.     

Бо таассуф бояд ёдовар шуд, ки чунин ҳодисаҳо бо паёмадҳои фоҷеавӣ зуд-зуд рух медиҳанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба гуфтаҳои боло, ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Русия боисрор талаб менамояд, ки бо таҳқиқи воқеъбинонаи ҳодиса ва муайян кардани сабабҳои он, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ба хотири фароҳам овардани шароити матлуби корӣ аз тарафи корфармоён ва роҳ надодан ба такрори чунин ҳаводис чораҳои маъмурӣ андешида шаванд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала