Ғайр аз Наврӯзу палав боз чӣ доред?: дидори Машрабов бо Пиккат

© Фото : Аз равобити умумии вазорати фарҳанги ҶТМулоқоти муовини аввали вазири фарҳанг Ибодулло Машрабов бо намояндаи ЮНЕСКО
Мулоқоти муовини аввали вазири фарҳанг Ибодулло Машрабов бо намояндаи ЮНЕСКО - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз Ибодулло Машраб бо намояндаи ЮНЕСКО дар Алмаато хонум Криста Пиккат дидор кард

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Муовини вазири фарҳанг Ибодулло Машраб хонум Криста Пиккатро ба Тоҷикистон даъват кард ва дар бораи мероси торихиву фарҳангӣ, ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии тоҷикон гуфт.

"Шашмақом" ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардида, аз ҷониби ин созмон чун шоҳкори мусиқии ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Ҷашнвораи атлас дар вилояти Суғд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чакан, чавгон ва атлас: меросҳои фарҳангии Тоҷикистон ба ЮНЕСКО мераванд

Ибодулло Машраб дар бораи ҷашни Наврӯз, хӯроки миллӣ оши палав, фалак, чакан ва бозии чавгон низ гуфт.

Хонум Криста Пиккат гуфт, ки дар интизори меросҳои ҷадид аст.

"Байни рушд ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ тавозун бояд бошад", — гуфт ӯ.

Криста Пиккат Тоҷикистонро барои ширкат дар Ҷашнвораи байналмилалии матои суннатӣ, ки дар шаҳри Марғелони Узбакистон баргузор мегардад, даъват кард.

Раиси Конуни оҳангсозони Тоҷикистон Хуршед Низомов ки дар ин дидор ширкат дошт, дар бораи тарҳҳои нав —  ҷашнвораи "Мусиқӣ бар зидди теруризм" ва таҳияи "Феҳристи мероси ҳифзшавандаи торихии Тоҷикистон" маълумот дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала