Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Раисҷумҳури Туркия ҳангоми гузоштани намози Ид дар масҷид аз ҳуш рафт

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Урдуғон рӯзи 25 июн дар намози иди Фитр дар масҷиди Истамбул аз ҳуш рафтааст

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Туркия сабаби беҳушшавиашро якбора баланд шудани фишор гуфтааст.

Рӯзномаи туркии Hurriyet менависад, ки ин ҳодиса ҳангоми гузоштани намози иди Фитр дар яке аз масҷидҳои Истамбул ба вуқӯъ пайвастааст.

"Бо сабаби баланд шудани фишорам, ки аз диабет вобаст аст, ман худро бад ҳис кардам", — изҳор дошт раисҷумҳури Туркия.

Президент РФ Владимир Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин мусулмононро бо Иди Фитр муборакбод гуфт

Бино ба додаҳои рӯзнома, авзои раисҷумҳур айни ҳол хуб аст.

Нашриёт менависад, ки дар ҳоли беҳушшавии Урдуғон посбононаш ба назди ӯ давида расиданду дарҳол ба ҷои ҳодиса мошини ёрии таъҷилӣ даъват шудааст. Ба рӯзноманигорон иҷоза надодаанд, ки то ба масҷид наздик шаванд. Раисҷумҳур пас аз ба ҳуш омадан, ба саволҳои онҳо посух додааст.

Имрӯз, мусалмонони ҷаҳон Иди Фитрро ҷашн мегиранд. Моҳи мубораки Рамазон имсол 26 май шурӯъ шуда буд.

Поёнрасии моҳи мубораки Рамазон-иди Фитр унвон мешавад. Дар ин рӯз саҳари барвақт мардон барои гузоштани намози ид ба масҷидҳо раҳсипор мешаванду занон ба ороиши дастархон машғул мешаванд.

Имрӯз дар Маскав 250 ҳазор мусулмон дар гузоштани намози Иди Фитр ширкат карданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала