Баъди 11 моҳ ҷасади оташзадаи Фарангисро дарёфтанд

Ҷасади Фарангис Рӯзиқуловаи 20 соларо баъди тақрибан як сол аз ноҳияи Спитамен дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Тавре хабаргузории СМ-1  иттилоъ медиҳад, ҷасади  Фарангис Рӯзиқуловаи 20 соларо баъди тақрибан як сол аз ноҳияи Спитамен дарёфт карданд.

Бино бар иттилои манбаъ, Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки ин ҷавондухтарро шаби 19-уми октябри соли 2016 дар ҳудуди заминҳои чарогоҳи ҷамоати Куруш ба қатл расонидаанд.

Мужчины несут букеты цветов, купленные накануне праздника 8 марта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тафовут байни дӯстии зану мард дар чист? тавзеҳи равоншинос

Чанд рӯз пештар бо ҷурми содир кардани ин куштор як ҷавони 26 солаи ноҳияи Спитамен, ки бо Фарангис "муносибати хело наздик" доштааст боздошт гардид.

Раёсати корҳои дохилӣ мегӯяд, гумонбаршаванда оиладор буда, аммо давоми як сол бо муҳаббати худ дили Фарангисро ба худ моил сохтааст.

Вале баъди ҳомиладор шудани Фарангис Рӯзиқулова дӯстоштааш ӯро дар заминҳои кас ногузор дур аз чашми мардум бо усули буғӣ кардан ба ҳалокат расонида баъдан ҷасаро тариқи сӯзишворӣ оташ задаааст.

Аз рӯи ин ҷинояти куштор нисбати гумонбаршаванда бо моддаҳои 104-и Кодекси ҷиноятӣ «одамкушӣ» ва 243 «таҳқири ҷасад ва гӯри фавтидагон» парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Ёдовар мешавем, чанде қабл Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани як ҷавони спитаманӣ ба иттиҳоми қатли ваҳшиёнаи духтаре хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса марди 26-солаеро дар ноҳияи Спитамен ба иттиҳоми куштор дастгир карданд.

Гуфта мешавад, ки ин ҷавон дар соли 2015 бо духтари 24-солае аз ҳамин ноҳия равобити маҳрамона барқарор мекунад ва дар паи он духтар аз ӯ обистан мешаваду талаб мекунад, ки хонае ҷудогона барояш харида ӯро ба занӣ бигирад.

Фоторецепт: курутоб - король таджикской кухни - Sputnik Тоҷикистон
Хусумати хонаводагӣ: зане бо заҳр ду хешованди шавҳарашро кушт

Муттаҳам шарти духтарро мепазирад, аммо дар пайи нобуд кардани ваймешавад.

"Бо ҳамин мақсад, 19-уми октябри соли 2016, тахминан соати 18:30 дақиқа, бо нақлиёти шахсии "Мерседес-Бенс", ба манзили иқоматии зани номбурда омада, бо роҳи фиреб ӯро ба автомашинааш савор карда, ба ҳудуди заминҳои бекорхобидаи ҶСК "Гулистон"-и ҳамин ноҳия бурда, бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст",- қайд мегардад дар гузориши ВУД.

Сипас, бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содиркардааш, ҷасади занро бо сӯзишвории бензин оташ зада ва ҷасади нимсӯхтаро ба халтаи синтетикӣ ҷой карда, ба бордони автомашинаи мазкур бор карда, ба масофаи 2-километр дуртар аз ҷойи ҳодиса бурда, дар ҷойи ноаён гӯр кардааст.

Дар ноҳияи Ваҳдат куштори 13 сол қаблӣ ошкор гардид. Тибқи гузориши ВУД, марде ҳамсарашро бо кетман ба ҳалокат расонида, дар таҳхона гӯронидааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала