Эмомалӣ Раҳмон дар "Рӯзи соҳибкорон" бо корофаринону сармоягузорон дидор кард

© Flickr / Пресс-служба Президента ТаджикистанаМулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ 14.10.2017
Мулоқот бо соҳибкорон ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ 14.10.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар "Кохи Борбад" ба муносибати «Рӯзи соҳибкорон», ки ҳар сол 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, бо корофаринону сармоягузорон дидор кард

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, дар ин мулоқот намояндагони Ҳукумат ва вазорату идораҳои Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорони тоҷикистониву хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи доихиливу хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои байналмилалии молӣ, анҷуманҳои соҳибкорон, коршиносони варзида, ширкатҳои сармоягузор аз мамолики олам, дар маҷмуъ беш аз ду ҳазор кас ширкат карданд.

Президент РТ Эмомали Рахмон в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ-ро тавзеҳ дод

Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот суханронӣ карда, нахуст дар "Рӯзи соҳибкорон" барои ҳама соҳибкорони дохиливу хориҷӣ комёбӣ ва муваффақият орзу намуд.

Вай ҳадаф аз баргузории мулоқотро "фароҳам овардани имконияти васеъ барои муколамаи соҳибкорон ва сармоягузорон дар бораи масъалаҳои мубрами соҳибкориву сармоягузорӣ, муайян намудани самтҳо ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имконоти соҳибкорону сармоягузорон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар кишвар" хонд. Тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои санъати миллӣ, навсозии фанниву фанноварии корхонаҳои санъатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, тавлиди колоҳои рақобатпазир ва ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ аз мақсадҳои дигари мулоқот арзёбӣ шуд. Ҳамчунин дар мулоқот масъалаи рушди имкониятҳои содиротии мамлакат ва мусоидат намудан ба мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорон ҷойгоҳи хоса дошт.

Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз хадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон баҳри дастгирии соҳибкорӣ таъкид кард, ки дар натиҷаи татбиқи масъалаҳои вобаста ба рушди соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ, аз соли 2015 то ба имрӯз дар кишвар 820 корхонаи тавлидӣ дар риштаҳои гуногуни санъат бо 20 ҳазор ҷои нави кори тамомвақт ташкил карда шуд, ки аз онҳо 80 корхонаи муштарак бо бунёди оинномаии беш аз 800 милюн сомонӣ мебошад. Дар ин давра истеҳсоли беш аз 35 намуди колоҳои санъатии нав ба роҳ монда шуд. Умуман, татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ дар даҳсоли охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба андозаи то 7 дарсад таъмин гардида, беш аз 650 ҳазор ҷои кори доимӣ таъсис дода шавад ва даромади пулии аҳолӣ чор баробар афзоиш ёбад. Дар натиҷа сатҳи фақр дар муқоиса бо нишондиҳандаи 20 соли пеш аз 83 дарсад ба 30 дарсад расонида шуд.

Встреча президента Таджикистан Эмомали Рахмона с министрами обороны стран СНГ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо вазирони дифоъи кишварҳои ҳамсуд дидор кард

Раҳбари Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки "ислоҳоти амалигардида ва фаъолияти пурсамари бахши хусусӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, Тоҷикистон се бор ба даҳгонаи кишварҳои ислоҳотгар шомил гардид ва тибқи арзёбии созмонҳои рейтингии ҷаҳонӣ дар миёни ҷолибтарин кишварҳо барои гардишгарон мавқеъи дувум ва дар миёни кишварҳое, ки дар онҳо гирифтани раводид осон аст, мавқеъи чорумро ба даст овард.

Дастгириҳои доимии давлат имкон доданд, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 70 дарсад бештар гардида, 80 дарсади аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад.

Ҳукумати Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Роҳбурди миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.

Аз соли 2018 марҳалаи сеюми татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ оғоз мегардад, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми мулоқот раҳбари кишвар аз ширкати фаъолонаи соҳибкорон ва саҳми онҳо дар пешрафти бахши соҳибкорӣ сипосгузорӣ намуд ва таъкид кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунон ибтикору пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро дастгирӣ хоҳад кард ва барои амалӣ гардидани онҳо ҳамаи имконотро фароҳам намудааст.

Дар ин росто Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдорро вазифадор кард, ки ибтикороти соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомоти созандаи онҳо мусоидат намоянд.

Дар ин мулоқот ҳамчунин намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорон — Нигина Икромова, Файзалӣ Раҷабов, муовини роҳбари Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристина Лаабс, роҳбари ҳайъати соҳибкорони Афғонистон, вакили парлумон Саид Икром, роҳбарони ширкатҳои тоҷикӣ Дадахон Очилов, Искандар Орифов, Парвиз Муллоев, Назира Дилёбова, пизишки мардумӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ, тарроҳ Мукаррама Қаюмова, Асадшо Зоҳиршоев, Раъногул Қурбонова ва Ҳусейн Сафаров суханронӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала