Милисаҳои тоҷик дар мусобиқаҳои Академияи ВКД Русия пирӯз шуданд

CC BY-SA 4.0 / Wikimedia / Академия управления МВД, архивное фото
Академия управления МВД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Донишомӯзони тоҷики Академияи мудирияти Вазорати умури дохилии Русия барандаи ҷоизаи аслии ҷашнвораи милалу фарҳангҳо шуданд

ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Ҷашнвораи милалу фарҳангҳо дар Акадеими мудирияти ВУД Русия 26 октябр баргузор шуд, гузориш медиҳад равобити умумии ВУД Русия.

Ҷамъбасти мусобиқаҳо дар ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Дар ВМКБ беҳтарин милисаҳои футболбозро муайян карданд

Дар ин ҷашнвора донишомӯзон аз панҷ кишвар — Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Муғулистон, ширкат карданд.

Дастаи донишомӯзони тоҷикистонӣ ба раҳбарии сарҳанг Сайфулло Ҳабибов дар мусобиқаҳои варзишӣ ва ҳунарии ин ҷашнвора пирӯз шуд.

Ҳар дастае фарҳангу ҳунари кишвари худ, аз он ҷумла дар ошпазӣ ва варзишро ба намоиш гузошт. Ҳунарнамоии дастаҳоро доварони ҳирфаӣ арзёбӣ карданд.

Ширкаткунандагон дар ин ҷашнвора, меҳмонон ва мизбонон ин барномаро "ҷашни фарҳанги башардӯстӣ ва ваҳдати инсонӣ" хондаанд.  

Лентаи хабарҳо
0