Раисҷумҳур 700 зиндониро авф кард

© SputnikАмнистированные заключенные Вахдатской колонии
Амнистированные заключенные Вахдатской колонии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Туркманистон дар ин росто ба раҳбарони мақомоти маҳаллӣ фармон дода, ки зиндониҳои озодшударо бо ҷои кор таъмин кунанд

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо тасвиби қонун 697 зиндониро бахшид. Ин қарор ба муносибати Рӯзи бетарафӣ, ки ҳамасола санаи 12 декабр таҷлил мешавад, қабул шудааст.

Мувофиқи қарори раисҷумҳури Туркманистон зиндониҳо аз маҳкама озод мешаванду ҷазои дигари онҳо яъне зиндагӣ дар минтақаи вижа низ бахшида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз хадамоти матбӯъоти раиси ҷумуҳри Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Таъсиси комисияи махсуси авф аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон

Бердимуҳаммадов дар ин росто ба вазири дифоъи кишвар Яйлим Бердиев фармуда, ки ҳамроҳи дигар раҳбарони мақомоти қудратӣ назорат баранд, то ҳамаи зиндониҳои авфшуда ба манзилҳояшон баргарданд.

Бердимуҳаммадов дар ин росто ба раҳбарони мақомоти маҳаллӣ фармон дода, ки зиндониҳои озодшударо бо ҷои кор таъмин кунанд.

Дар муроҷиат ба зиндониҳои авфшуда Бердимуҳаммадов орзу карадааст, ки аз ин ва баъд онҳо меҳнати софдилонаро пеша кунанд.

Дар Туркманистон соле чанд бор дар остонаи ҷашнҳои миллӣ зиндониён авф мешаванд. Охирин бор раисҷумҳури Туркманистон моҳи октябри соли равон ба муносибати Рӯзи истиқлол зиндониҳоро бахшида буд. Он замон 1636 зиндонӣ аз маҳкама озод шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки нахустин бор дар таърихи Узбакистон Шавкат Мирзиёев 2,7 ҳазор зиндониро авф кард.

 

Лентаи хабарҳо
0