Мулоқоти вазирони Осиёи Миёна дар соҳили кӯли баландкуҳ

© Официальная страница пресс-службы МИД РТ в FacebookСироджиддин Аслов, архивное фото
Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар садри як ҳайати воломақоми дипломатҳо ба Исиқкӯли Қирғизистон меравад

ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин рӯзҳои 20 – 22 июл, дар соҳили кӯли баландкуҳ, дар ҳамоиши вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Миёна иштирок мекунад.

Вазири тоҷик бо ҳамтоёнаш аз Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон иҷрои созиши сарони давлатҳои Осиёи Миёнаро дар бораи густариши ҳамкорӣ, ки моҳи марти соли равон дар Остона ҳосил шуданд, баррасӣ хоҳанд кард. Инчунин вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ масоили мубрами байналмилалиро муҳокима мекунанд.

Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарони ҳукуматҳои кишварҳои ҳамсуд дар Душанбе чиро баррасӣ мекунанд?

Баҳси ҳамкориҳои минтақавӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи марти соли равон дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона гуфт, минтақа имкониятҳои зиёд барои ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дорад, ки бояд истифода шаванд.

Лентаи хабарҳо
0