Оғози парвозҳои “Сомон Эйр” ба фурудгоҳи Жуковский

Ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Душанбе ба самти фурудгоҳи Жуковскии вилояти назди Маскави Русия оғоз намудааст. Инчунин ширкат тасмим дорад, парвозҳояшро аз Кулоб ба самти ҳамин фурудгоҳ ба роҳ монад

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik.  Ширкати ҳавоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба фурудгоҳи Жуковскии вилояти назди Маскав оғоз намудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Самолет авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Парвози “Сомон Эйр” аз шаҳри Санкт-Петербург 13 соат ба таъхир афтод

Ширкати мазкур ҳоло парвозҳояшро аз Душанбе ба фурудгоҳи мазкур оғоз намуд. Инчунин ширкат тасмим дорад, парвозҳояшро аз Кулоб ба самти ҳамин фурудгоҳ ба роҳ монад.  

“Ҳавопаймоҳои ширкат аз Душанбе ба самти фурудгоҳи Жуковский дар як ҳафта се маротиба парвоз хоҳанд кард. Парвозҳо дар рӯзҳои чоршанбе, панҷшанбе ва шанбе сурат мегиранд. Парвозҳо аз Кулоб ба самти фурудгоҳи Жуковский, қарор аст аз моҳи декабри соли равон, дар рӯзҳои сешанбе чоршанбе ва панҷшанбе анҷом дода мешаванд”, - таъкид карааст дафтари матбуоти ширкати “Сомон Эйр”.  

Дар ҳамин ҳол Ширкати “Сомон Эйр” эълон намудааст, ки парвозҳояш аз Душанбе ва Хуҷанд ба самти фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав идома меёбанд.

Боинг 737 авиакомпании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Душанбе-Бухоро: тасмими ширкати “Сомон Эйр” дар бораи хатсайри нав

Фурудгоҳи Жуковский дар вилояти назди Маскави Русия соли 2016 ба кори худ оғоз карда буд.

Аз фурудгоҳи мазкур ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии" ва Pegas Fly, ширкати қирғизии Avia Traffic Company ва Air Manas, ширкати "Белавиа" Белорус, ширкати туркии Onur Air ва SunExpress ва акнун ширкати ҳавоии Тоҷикистон "Cомон Эйр" парвоз мекунанд.

Ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Жуковский бештар ба самти кишварҳои ҳамсуд парвоз мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала