Марди 56-сола ҳамсари ҷавони собиқашро корд задааст

© © Sputnik / Табылды КадырбековНасилие в семье, архивное фото
Насилие в семье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кордкашии марди 56-соларо сӯи ҳамсари аз худаш 20 сол ҷавонтарро таҳқиқ мекунад

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар ноҳияи Ёвон зани 36-сола, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ алайҳи собиқ ҳамсараш шикоят кардааст.

Банк Эсхата, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамлаи ниқобпӯши мусаллаҳ ба бонки “Эсхата”

Зан арз доштааст, ки 30-юми апрели соли 2019, тахминан соати 11:00, собиқ шавҳараш, марди 56-солаи сокини ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон бо корд ба ӯ ҳамла карда, 2-3 зарба задааст.

“Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.

Ҷабрдида далели кордкашии собиқ ҳамсарашро хусумати шахсӣ гуфтааст. ВУД мегӯяд, феълан тафтиши ин ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала