Аҳмадзода ба масъулини маорифу тандурустӣ: захираи ангишту ҳезумро зудтар ба анҷом расонед

Раиси вилояти суғд зимни машварати корӣ ба масъулини соҳаи тандурустӣ ва маорифи вилоят супориш дод, ки ҳарчӣ зудтар захираи ангишту ҳезумро ба анҷом расонанд

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik.  Имрӯз зимни машварати корӣ Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ инчунин  масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва зимистонгузаронӣ мавриди баррасӣ баррасӣ кард.

Снегопад в Душанбе 27 ноября - Sputnik Тоҷикистон
Муовини нахуствазир Суғдро омода ба зимистон наёфт

Вай зимни машварати корӣ бори дигар қайд намуд, ки тибқи нақша дар вилоят то соли 2021 бунёд ва таҷдиди беш аз 6500 иншоот пешбинӣ шудааст.

“Дар соли ҷорӣ бунёди 2712 иншоот ба нақша гирифта шуда, дар нимсолаи якум 1429 иншоот ба истифода дода шуд, ки 52,6 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, аз оғози соли 2018 то ин давра наздик 2780 иншооти гуногун ба истифода дода шудааст”, - гуфт Аҳмадзода.

Ягона кони ангишт дар ВМКБ фаъол мегардад

Сипас, раиси вилояти Суғд ба вазъи соҳаи кишоварзии вилоят ишора кард.

Масъулини вилоят зимни суханронӣ зикр намуданд, ки то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар беш аз 13 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шуда, корҳои саҳроӣ муташаккилона идома доранд. Аз ҷониби аҳолӣ ва хоҷагиҳо ба зимистонгузаронӣ низ омодагӣ дида шуда, то кунун 236 ҳазор тонна хошоки дурушт ҷамъоварӣ гардидааст.

Церемония поднятия Государственного флага в центре города Хорога - Sputnik Тоҷикистон
Азим Иброҳим аз омодасозии ВМКБ ба зимистон интиқод кард

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз таҳлили вазъи соҳа ба масъулин ҷиҳати пурра ба итмом расонидани кишти такрорӣ, захирасозии хошоки дурушт, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои холимонда, зиёд намудани майдони шолӣ, рушди чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва ба роҳ мондани содироти асал, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, ташкили ярмака-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои саноатӣ дастуру супоришҳо дод.

Дар поёни машварат вобаста ба рафти омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Вай масъулини соҳаҳои маорифу тандурустии вилоятро вазифадор кард, ки захираи ангишту ҳезумро ҳарчӣ зудтар ба анҷом расонанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала