Путин ба худаш ду яхмос ва ба Эрдуғон як яхмос харид - навор

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ Владимир Путин и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент РФ Владимир Путин и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон
Аснои боздид аз Толори байналмилалии ҳавонавардӣ ва кайҳон-2019, раисҷумҳури Русия Владимир Путин барои худ ва президенти Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғон яхмос харидаст

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik.  Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳамтои туркии худро бо яхмос зиёфат намудаст.

Владимир Путин аз руйи ҳамакнун анъана, аснои ворид шудан ба Толори байналмилалии ҳавонавардӣ ва кайҳон-2019 нахуст яхмос харид кард.

Раисҷумҳури Русия барои Эрдуғон яхмоси вологодский ва барои худаш якбора ду яхмос харид намуд.

Ба иттилои сомонаи РИА Новости раисҷумҳури Русия барои харид намудани яхмос ба фурӯшанда 5 000 рубли русӣ дароз намуд. 

Вечер Дружбы - Sputnik Тоҷикистон
Варзоб, зодрӯз, яхмос ва меҳмондории Раҳмон: беҳтарин лаҳзаҳои МҲТБО дар гузориши аксӣ

Зимнан Эрдуғон, ки дар паҳлуи Путин қарор дошт, аз ӯ пурсон шуд, ки оё пули яхмоси ӯро низ пардохт мекунад ё на. Дар ҷавоб Путин изҳор намудаст, ки "бале пардохт мекунам, чун Шумо меҳмони ман ҳастед".

Гуфта мешавад, Путин дар бақияи пулаш ҳамаи меҳмонони туркӣ ва  русро, ки барои боздид намудан аз толори мазкур омада буданд, зиёфат намуд.

Маврид ба зикр аст, ки соли гузашта низ раисҷумҳури Русия ҳангоми боздид аз Толори байналмилалии ҳавонавардӣ ва кайҳон ба маблағи 1000 рубл яхмос харида буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала