Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тафсилоти бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикисону Қирғизистон

"Мо барои ҳар ваҷаб ҷон меканем": Раззоқов фурӯши замин ба тоҷиконро хиёнат гуфт

© Sputnik / © Sputnik / Эмиль СадыровЗаброшенные жилые дома в приграничном с Таджикистаном селе. Архивное фото
Заброшенные жилые дома в приграничном с Таджикистаном селе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов фурӯши манзилҳо ба тоҷиконро ғайри қобили қабул медонад

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов қирғизҳоеро, ки манзилҳояшонро дар минтақаҳои наздимарзӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон мефурӯшанд, хиёнаткор номид, менависад 24.Kg.

"Мо барои ҳар як ваҷаби замин ҷонканӣ мекунем. Бахше аз қирғизистониҳо бошанд хонаву манзилашонро мефурӯшанд, ин ғайриимкон аст. Ин замини мост. Замини моро мефурӯшанд. Сокинони маҳаллӣ бояд ин гуна одамонро, ки манзилҳои худро дар минтақаҳои наздимарзӣ мефурӯшанд - хиёнаткор бигӯянд. Бале, дар муносибат бо давлати худ - ин хиёнаткорист", - гуфт ӯ.

“Ваҷаб ба ваҷаб”: сиёсати пинҳони Қирғизистон дар марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон?

Дар баробари ин раҳбари ВКД Қирғизистон, Кашкар Ҷушуналиев сокинони наздимарзиро, ки бо тоҷикон даргир мешаванд, танқид кард.

Кыргызский пограничник на посту. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раззоқов гуфт, чӣ аломатгузорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мушкил мекунад

Вазир аз он хашмгин шуд, ки дар қазияи рӯзи 11 январ - муноқишаи миёни тоҷикону қирғизҳо ҷониби Қирғизистон дар пеши кормандони қудратӣ тоҷиконро сангборон кард.

Ёдрас мешавем, ки ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 14 январ, ба ин тавофуқ расиданд, ки дар навбати аввал аз 467 километри марзи баҳсӣ 114 километри онро таъйин ва аломатгузорӣ кунанд

Дар баробари ин дар ояндаи наздик дар минтақаҳои баҳсӣ чароғаки роҳнамо ва камераҳои назоратӣ насб карда мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро кушта ва зиёда аз 60 нафарро захмӣ ба ҷой гузоштааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала