800 сомонӣ барои ошноӣ бо фоҳиша: боздошти марди 45 сола барои даллагӣ

© AFP 2021 / STRРаботница коммерческого секса с клиентом, архивное фото
Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доаданд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ як марди 45 сола дастгир шудааст

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷвллобӣ дастгир карда шуд. 

Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавлӣ аз 30 то 100 сомонӣ: сокини 60 солаи Хуҷанд барои ташкили фоҳишахона боздошт шуд

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 23-юми январи соли равон, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд барои алоқаи ҷинсӣ намудан марди 27 ва зани 29-солаи сокинони шаҳрҳои Исфараву Гулистонро шинос карда, аз онҳо 800-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зикр намудааанд, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш масъулини вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 34-сола, сокини пойтахт хабар дода буданд, ки манзили иҷораашро ба фоҳишахона табдил додааст.

Нмбурда, санаи 7-уми феврали соли 2020, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 34-солаи сокини кӯчаи П.Толис ва зани 33-солаи сокини кӯчаи Зарафшон, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ин сокини пойтахт барои фароҳам овардани шароит аз ин нафарон 400 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала