Орду равған фаровон аст: мақомоти Хуҷанд гуфт ҳангома насозед, ки ба ҷавобгарӣ мекашанд

© SputnikПродажа муки
Продажа муки - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Хуҷанд эълон намудааст, ки овозаҳо дар бораи кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввали мардум ба кишвар воқеъият надорад

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намудааст, ки ахиран гуруҳе аз шаҳрвандон, ки аз вазъияти воқеъи дуранд ва маърифати паст доранд, ҳангомаҳоеро вобаста ба сирояти бесобиқаи короновирусро дар Тоҷикистон паҳн намуда истодаанд.

Мешки с мукой. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Воҳимаандозони камчинии маводи ғизоӣ дар Хатлон боздошт ва муҷозот мешаванд

Коронавирус: карантини 65 чинӣ дар Душанбе

Манбаъ қайд намудааст, ки баъзе аз тоҷирони манфиатдор вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввали мардум низ паҳн доранд, ки асли воқеъият надорад.

Мақомот ба сафирҳои хориҷӣ: аз мо наранҷед ҳамааш, ба хотири пешгирӣ аз коронавирус

“Мардум ба эҳсосот дода нашаванд ва барои аз эҳтиёҷоти истеъмолии худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ намоянд. Зеро дар вилояти Суғд, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд захираи дусолаи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, шакар, тухм ва сабзавот мавҷуд аст ва зиёдтар таъмин карда шудаанд. Дар маҷмӯъ барои таъмини эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ захираву иқтидорҳои зарурии истеҳсол ва нигоҳдории молу маҳсулот мавҷуд буда, овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, бахусус орд ва болоравии нархҳо ягон асоси воқеъӣ надоранд”, - таъкд намудааст шаҳрдори Хуҷанд.

Ҳамчунин манбаъ қайд намудааст, ки имрӯз дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд ва коргоҳҳои ордкашӣ аз меъёр зиёд захираи орд воқеъ аст.   

“То ҳол субъектҳои воридкуннандаи гандум аз хориҷи кишвар муътадил кору фаъолият доранд. Барои пешбурди фаъолияти онҳо ягон монеъ нест. Сарҳадот боз аст. Дар идораҳои Тоҷикматлубот ва хоҷагиҳои махсус захираи калони гандум ва орд вуҷуд дорад. Дар бозорҳо ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти озуқаворӣ реҷаи муқаррарии корӣ давом дорад ва шаҳрвандон метавонанд ҳамарӯза эҳтиёҷоти истеъмолии худро қонеъ намоянд. Ба ягон овоза ва ҳангома дода нашанд”, - зикр намудааст шаҳрдории Хуҷанд.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд таъкид доштанд, ки масъалаи таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо зери назорати доимии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар қарор дорад.

Продажа масла и муки на базаре Фаровон. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Воҳимаи коронавирус нархи орду равғанро дар бозорҳои кишвар боло бурд

Манбаъ зикр намудааст, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он, ки гӯё дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст овозаҳо паҳн намуда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд.

“Ин гуна ашхос бешубҳа душмнаони миллат буда, дар зудтарин фурсат аз ҷониби мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ тибқи талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд”, - таъкид доштааст шаҳрдории Хуҷанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала