Консерти Далер Назаров дар Маскав ба таъхир афтод

© Sputnik / Стас ЭтвешКонсерти Далер Назаров дар Маскав
Консерти Далер Назаров дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Барномаҳои ҳунарии Далер Назаров, овозхони номдори тоҷик, ки мебоист имрӯз, 12 ва 17 апрел дар Маскав ва Санкт-Петербург доир шавад, ба таъхир афтод

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар ин бора дар саҳифаи ҳунарманд дар Instagram хабар дода шудааст.

"Дар робита бо маҳдуд шудани парвозҳои байналмилаллӣ консертҳои Далер Назаров дар Маскав ва Санкт-Петербург то муҳлати номуайян ба таъхир гузошта мешаванд. Ҳини хуб шудани вазъият мо ҳамаи маълумотро дар бораи баргузории консерт нашр мекунем", - омадааст дар эълом.

Публикация от Daler Nazarov Studio (@dalernazarovstudio)

Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳамаи он нафароне, ки чиптаи консертҳоро харидорӣ кардаанд, метавонанд маблағи пурраи онро бигиранд ё эълони рӯзи нави ҳунарнамоиро интизор шаванд.

Парвиз ва Аброр Назаровҳо - Sputnik Тоҷикистон
Назаров дар бораи самимияти Шабнам, меҳмоннавозии Зикриаллоҳ ва ягона генийи Тоҷикистон

Консертҳои Далер Назаров мебоист рӯзи 12 апрел дар тарабхонаи "Времена года" ва рӯзи 17 апрел дар пойтахти шимолии Русия, шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешуд.

Ёдрас мешавем, ки охирин консерти ҳунарманди номӣ Далер Назаров дар Маскав, 22 марти соли 2019 баргузор шуда буд.

Давлат Худоназаров дар бораи Далер Назаров: "Ӯ Далери пешин нест"

Дар он консерт Далер Назаров сурудҳои "Любовь", "Весла", "Бар сари куи вафоят", "Биёед", "Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро", "Лунний свет", "Тюлпан"-ро сароид.

Маскав: Далер Назаров бо иҷрои суруде аз Лоиқ мухлисонро гирёнд

Ӯ ҳамчунин суруди "Тоҷикистони азизам, сарзамини камзамин"-и Лоиқ Шералиро сароиду аксари тамошобинонро гирён кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала