“Дезинфексия”, на карантин: тамоми мактабҳои Тоҷикистон таътил шуданд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, шурӯъ аз 27 то 10 майи соли равон тамоми муассисаҳои таълимии миёна ба таътили муваққатӣ мераванд. Ин тасмим дар мувофиқа бо Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз вируси корона гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 25 апрел – Sputnik. Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илм ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳоло сухан фақат дар бораи боғчаву мактабҳо, литсейҳои касбӣ - техникӣ ва коллеҷҳо меравад

Школьница в медицинской маске на улице Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Муваққатӣ, на карантин! Мактабҳои Душанбе таътил шуданд

“Ин як таътили муваққатӣ хоҳад буд, на карантин, зеро дар Тоҷикистон ягон эпидемия сабт нашудааст.

Аммо ин давраи таътилро мо барои гузаронидани корҳои профилактикӣ ва зиддиуфунӣ ё дезинфексия кардани муассисаҳои таълимӣ истифода хоҳем кард, яъне тибқи барномаи мубориза бо густариши вируси корона дар Тоҷикистон”, - гуфт Эҳсони Хушбахт.

Дар ҳамин ҳол, танҳо нуктае, ки норӯшан мемонад, донишгоҳу донишкадаҳои кишвар аст, ки кай таътил мешаванд. Сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, алҳол ин мавзӯъ таҳти баррасист ва ба ҳамин зудӣ тасмим гирифта хоҳад шуд.

Қаблан Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории вируси корона - Ковид-19 қарор қабул карда буд, ки ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шавад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала