Ҳабси се нафар дар Хатлон барои хириду фурӯши 35 кило маводи мухаддир

© SputnikУничтожение наркотических средств, архивное фото
Уничтожение наркотических средств, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон аз боздошти сокини 48 солаи ноҳияи Панҷи хабар дод, ки аз ӯ беш аз 35 кило маводи мухаддир ошкор ва мусодира шуд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Бино бар иттилои Агенти назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сокини 48 солаи ноҳияи Панҷи вилояти мазкур Абдуллоев Мурод боздошт карда шуда, аз дохили бордони автомашинаи ӯ тамғаи “Тайёта РАВ-4”, ду адад борхалтаи полиэтиленӣ, ки дар дохили борхалтаи якум 17 ва дар борхалтаи дуюм 15 адад бастаҳои скочпечи буи махсус доштаи шубҳанок ёфта мусодирра карда шуд.

Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти Наҷмиддини Садриддин ва ҳамроҳонаш бо 40 кило маводи мухаддир - видео

Афзоиши 50 баробарии кишти маводи мухаддир дар Афғонистон

Тибқи иттилои манбаъ, ташхис муайян намудаст, ки маводи мусодирашуда 15 кг воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”, 19кг 190гр воситаи нашъадори навъи “афюн” ва ҳамчунин 965 гр моддаи психотропии шишамонанди “метамфетамин” мебошад.

Мусодираи қариб 1 тон маводи мухаддир аз ҷониби  ВУД Тоҷикистон ва Русия

“Дар маҷмӯъ маводҳои аз шаҳрванд Абдуллоев Мурод Маҳмадиевич мусодирашуда 35кг 155 граммро ташкил дод”, - таъкид доштааст манбаъ.

Агенти назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон шарҳ додааст, ки шаҳрванди Афғонистон бо номи Абдулбоқӣ, тавасути Аҳмад ном шарикаш аз Афғонистон ба деҳаи Сарҳадчии ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ миқдори номбурдаи маводи мухаддирро интиқол дода, пинҳон намудааст.

 “Бо мақсади дарёфти маводи мазкур Абдуллоев М, бо шиносаш Ҷумаев Илҳом Амонович сокини ноҳия Панҷ ба минтақаи мазкур рафта дар рӯзи аввал онро пайдо намекунанд, бинобар ин онҳо ба манзили истиқоматии Ҷумаев И, баргашта дар онҷо шабашонро рӯз менамоянд. Субҳи рӯзи дигар Ҷумаев И, ки бояд барои шарикиаш дар ин амалиёт 500 доллар ҳақи хизмат мегирифт аз мақсади дарёфти маводи мухаддир даст кашида ба ягон мақомоти салоҳиятдор оид ба амалӣ гардидани ҷинояти мазкур хабар намедиҳад”, - иттилоъ додааст Агентӣ.

Церемония сжигания наркотиков в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Мусодира ва ошкор кам шуд: Тоҷикистон аз кашфи беш аз 1600 кило маводи мухаддир хабар дод

Тибқи иттилои Агентӣ, Абдуллоев М, бо ҳамроҳии шахси сеюм Ҷумаев Сафар Элмуродович, сокини н.Панҷ бо мақсади ғаразнок сӯиқасди ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол, фиристоданро бо мақсади фуруш, яъне бо ин роҳ ба соҳибияти каси дигар доданаш маводи нашъоваро маслиҳати пешакӣ менамоянд.

Ошкор ва мусодираи 100 кило маводи мухаддир аз ҳавлии Раҳмонов

“Ҷумаев Сафар маблағи зарурат наёфта аз Абдуллоев Мурод хоҳиш менамояд, ки аз маводи нашъовари аз Авғонистон дастраснамудааш ба у 10 кг диҳад. У ин миқдор маводро фурухта пули ӯро бармегардонад”, - зикр кардааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур нисбати се нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, Абдуллоев Мурод, Ҷумаев Сафар ва Ҷумаев Илҳом ба ҳабс гирифта шудаанд ва тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала