Кумаки асосгузори ширкатҳои ал-Ғоними Кувайт ба Тоҷикистон: 22 тонна таҷҳизоти тиббӣ

© PixabayСамолет на закате, архивное фото
Самолет на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Асосгузор ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним ба Тоҷикистон 22 тонна кумаки башардӯстона фиристод

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Рӯзи 5 июн  тавассути ду парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии Давлати Кувайт кумакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним иборат аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 ба Душанбе расиданд.

Мешок муки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумаки навбатии Ӯзбекистон иборат аз орд ва лавозимоти тиббӣ вориди Душанбе шуд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, 22 тонна кумакҳои башардӯстонаи Асосгузор ва Раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои ал-Ғоними Давлати Кувайт Фуод бин Муҳаммад ал-Ғоним аз таҷҳизоти тиббӣ барои мубориза бо COVID-19 иборат мебошанд.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар бо оилаҳое, ки офат онҳоро бехона гузошт, пул медиҳад

"Инчунин, соҳибкори кувайтӣ 38 ҳазор либоси муҳофизатии тиббиро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва ба Тоҷикистон ирсол намуд", - омадааст дар хабарнома.

100 долларӣ сари ҳар ятим: кумаки ҳармоҳаи Ҳилоли Аҳмар ба 500 ятим дар Тоҷикистон

Дар ин росто, 2 июн кумаки башардӯстонаи Давлати Исроил иборат аз 4000 адад ниқоби тиббӣ, 500 адад камбизонҳои ҳимоявӣ ва 35 адад ҳароратсанҷи барқӣ барои мубориза бо бемории сироятии коронавирус аз тариқи гузаргоҳи сарҳадии «Фотеҳобод» ба Тоҷикистон расид.        

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала