Маълум шуд кай рақобати Ҳабиб ва Гейҷӣ баргузор мешавад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузаштан ба хазинаи аксБоец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Менеҷери Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, эҳтимол дорад рақобати Гейҷӣ ва Ҳабиб моҳи сентябр баргузор шавад, вале то ҳол ин масъала ба пуррагӣ ҳал нашудааст

ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Менеҷери қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов - Ризвон Муҳаммадов гуфт кай рақобати варзишкор бо размикори амрикоӣ Ҷастин Гейҷӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад ТАСС.

"Эҳтимолан моҳи сентябр. Рӯзи дақиқ ва макони размоиш аниқ хоҳад шуд", - гуфт ӯ.

Муҳаммадов қайд кард, ки ҳоло аниқ маълум нест, чун рӯзи рақобат дақиқ нашудааст.

Боец смешанных единоборств, бывший чемпион турнира UFC Конор Макгрегор - Sputnik Тоҷикистон
Конор Макгрегор аз хотимаи фаъолияти варзишӣ гуфт

Бояд гуфт, ки Гейҷӣ ҳоло қаҳрамони UFC дар вазни сабук буда рақиби варзишкори русиягӣ мебошад.

Унвони қаҳрамонии худро ӯ дар рақобат бо Тонӣ Фергюсон ба даст овард. Гейҷӣ дар даври панҷум Тониро бо нокаути техникӣ мағлуб шуд. 

Ёдрас мешавем, ки моҳи май Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз ҳамвандони худ пурсида буд, ки ба фикри онҳо барои баргузории рақобат кадом замон муносибтар аст.

"Ин бозӣ бароям камаҳамият шуд": Макгрегор сабаби қатъи фаъолияти варзишияшро шарҳ дод

Ҳамчунин раҳбари UFC Дэна Уайт хабар дод, ки қаҳрамони пешин Конор Макгрегор бо қаҳрамони рақобати Нурмуҳаммадов - Гейҷӣ ба майдон хоҳад баромад.

Ҳамин тавр, Конор боз барои баромадан ба ринг муқобили Ҳабиб, имкон пайдо кард.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала