Муродов таъмири биноҳои як кӯчаи Душанберо ба уҳда гирифт

© акс аз саҳифаи ҲХДТТақдими хона ба ниёзмандон дар Душанбе аз ҷониби соҳибкор Маҳмудҷон Муродов
Тақдими хона ба ниёзмандон дар Душанбе аз ҷониби соҳибкор Маҳмудҷон Муродов - Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкор Маҳмудҷон Муродов, мудири ширкати "Сарманзил" , ки қаблан ба оилаҳои камбизоат дар кӯчаи Айнии Душанбе хона доду ятимхонаи пойтахтро бо харҷи қариб 7 миллион сомонӣ таъмир кард, акнун таъмири биноҳои як кӯчаро ба уҳда гирифтаст

ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Муродов  таъмири намои зоҳирии 10 бинои дуошёна, 1 бинои сеошёна, 3 бинои 9-ошёна ва бинои маъмурии Муассисаи истифодабарии манзилии №1-ро дар кӯчаи М.Назаршоев  ба ӯҳда гирифт, хабар дод ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур.

Тақдими хонаҳо аз ҷониби соҳибкор Маҳмудҷон Муродов ба камбизоатон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Муродов ба се оилаи камбизоат дар Душанбе хона дод-аксҳо

Ба иттилои манбаъ, Муассисаи истифодабарии манзилии №1 ба 15 ҳазор нафар хизмат мерасонад. Ба нақша гирифта шуд, ки дар баробари таъмири пурраи Бинои маъмурии  муассиса ҳамзамон ашёҳои зарурии корӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва компютер харидорӣ шуда, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ба маротиб осон карда шавад, хабар дод “Ховар” аз қавли ҳукумати Шоҳмансур.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи нақша-чорабиниҳои мавҷуда корҳои ободониву созандагӣ ва таъмирӣ тақвият ёфта, бо суръат пеш меравад. Таъмири бомпӯш ва намои берунаи биноҳои кӯчаи Моёншо Назаршоев низ яке аз бандҳои нақша-чорабинии таҳиягардида буда, бо иҷрои ин кор зебогии ин маҳал таъмин хоҳад шуд.

Хайри раиси "Сарманзил": ба 1700 табиб орду равғану биринҷ ва пул тақсим кард

Таъкид шуд, биноҳои баландошёнаи кӯчаи Моёншо Назаршоеви ноҳияи Шоҳмансур  бо гузашти солҳо таъмирталаб гардида, зарурати рангу бори онҳо ба миён омада буд. Ҳамзамон тирезаи бархе аз биноҳое, ки фарсуда шудаанд, иваз хоҳад гашт.

Маҳмудҷон Муродов инчунин тасмим гирифтааст, 10 партовгоҳи замонавиро барои сокинони ноҳияи Шоҳмансур  бунёд карда, мавриди истифода қарор медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала