Хайри калони раиси "Сарманзил": ба 1700 табиб орду равғану биринҷ ва пул тақсим кард

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкТележка с продуктами в магазине
Тележка с продуктами в магазине - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маҳмудҷон Муродов, роҳбари ширкати "Сарманзил" ва узви Маҷлиси Душанбе ба табибони тамоми беморхонаҳои пойтахт кӯмаки моддӣ ироа кард

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Дар моҳи шарифи Рамазон ва айёми хуруҷи бемории Covid-19  аз ҷониби соҳибкор, Роҳбари ҶДММ "Сарманзил",  узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба 1700 нафар кормандони соҳаи тибби беморхонаҳои 4 ноҳияи пойтахт кӯмаки моддӣ расонид.

Сулаймонзода Акрам Раиси шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон
Сипоси раиси Исфара аз соҳибкорони маҳалӣ ва бурунмарзӣ барои кумак ба пизишкон
Маҳмудҷон Муродов аз ҷумла ба Муасиссаи давлатии  махсусгардонидашудаи нақлиёти тиббии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии "Беморхонаи клиники шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакона",  Муассисаи давлатии маркази тиббии шаҳрии №2, Маркази саломатии шаҳрии №1 ба номи К. Ахмедов ва Маҷмааи тандурустии "Истиқлол", кумакҳои моддӣ ироа карда шуд, гузориш медиҳад "Ховар".

Орд, шакар, биринҷ, равған ва дигар маҳсулоти зарурӣ, ба ҳар кадом аз 200 нафар табибони Муассисаи давлатии Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ 500 сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 550 ҳазор сомонӣ хайри вакили маҷлис буд, ки ба табибон тақсим шуд.

Ёдрас мешавем, чунин иқдомҳо аз ҷониби соҳибкорон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон идома дорад.

Чунончи, пештар дар ноҳияи Ҳисор, бародарон Сатторовҳо ба маркази саломатӣ 16500 кило орд, 1650 кило биринҷ, 1650 литр равған, 1650 кило шакар, 1650 кило макарон, 3300 дона собун ва 3000 дона ниқоби тиббӣ дастрас кардаанд.

Муроҷиати Шӯрои иттифоқи касабаи Суғд ба соҳибкорон: кормандони тибро дастгирӣ кунед

 

Лентаи хабарҳо
0