Макони баргузории рақобати Ҳабиб ва Гэтҷи дақиқ шуд

© Sputnik / Нина Зотина / Гузаштан ба хазинаи аксБоец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон
Дана Уайт президенти UFC макони баргузории рақобати қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва размикори амрикоӣ Ҷастин Гэтҷиро гуфт

ДУШАНБЕ, 13  июн — Sputnik.  Ба гуфти президенти UFC рақобати размикори доғистонӣ  Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва варзишкори амрикоӣ Ҷастин Гэтҷи дар шаҳри Абу-Дабӣ баргузор мешавад.

Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов - Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд кай рақобати Ҳабиб ва Гейҷӣ баргузор мешавад

Ба гузориши MMAFIghting UFC барои гузаронидани чорабиниҳояш бо Аморати муттаҳидаи Араб созишномаи панҷсола ба имзо расонидааст.

Дана Уайт ҳамчунин гуфтааст, Арабистон хеле дастгирӣ кард ва онҳо бо муҳорибаҳои тамошобинтарин бармегарданд.

Дар бораи набарди Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Ҷастин Гэтҷи ҳоло санаи дақиқ эълон нагаштааст.

Қаблан менеҷери Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфт, эҳтимол дорад рақобати Гейҷӣ ва Ҳабиб моҳи сентябр баргузор шавад, вале то ҳол ин масъала ба пуррагӣ ҳал нашудааст.

Бояд гуфт, ки Гейҷӣ ҳоло қаҳрамони UFC дар вазни сабук буда рақиби варзишкори русиягӣ мебошад.

Унвони қаҳрамонии худро ӯ дар рақобат бо Тонӣ Фергюсон ба даст овард. Гейҷӣ дар даври панҷум Тониро бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.

Падари Ҳабиб гуфт, дороии писараш дар тӯли фаъолияташ чӣ миқдор шуд

Ёдрас мешавем, ки моҳи май Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз ҳамвандони худ пурсида буд, ки ба фикри онҳо барои баргузории рақобат кадом замон муносибтар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала